ЗАРУРАТИ ИХТИСОСИ БАРНОМАСОЗӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 бори нахуст дар толори нави Парлумони кишвар ироа гардид ва ба шакли мустақим аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ пахш шуда, ба мардуми кишвар расид.
Дар ин Паём Пешвои муаззами миллат масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз қабили саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, касбомӯзӣ, ҷавонон, занон, варзиш ва муносибатҳои байналмилариро баррасӣ намуданд. Дастовардҳои кишвар дар ин самтҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат мушкилот ва роҳи ҳалли саривақтии онҳоро низ баён намуданд.
Ин Паём имкон дод, ки барномаҳои давлатӣ барои татбиқи стратегияи миллӣ ва ислоҳот дар солҳои оянда, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мушаххас карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Паёми худ Пешвои миллат масъалаҳои муҳимтаринеро, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид намуда, доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Дар баробари ин пешниҳодҳо дастур дода шуд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд.
Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор, яъне инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шаванд.
Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ меноманд, бе истифодаи ин технологияҳо дар ин самтҳо рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин намудан душвор мебошад. Аввалан, барномасозӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат намуда, он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хидматҳои бештару сифатноктар оварда расонад.
Барномасозӣ ва рақамикунонии соҳаҳо дар самти хидматрасониҳои давлатӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ метавонад шаффофиятро афзоиш диҳад. Системаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосири идоракунӣ имкон медиҳанд, ки шаҳрвандон ба осонӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Инчунин, технологияхои рақамӣ маҳоратҳои заруриро дар бозори меҳнат тағйир медиҳад ва тақозо мекунад, ки кормандон дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, алоқа ва дигар соҳаҳои вобаста ба технология омӯзиш бинанд. Ин раванд метавонад ба эҷоди шуғлҳои нав ва афзоиши даромади кормандон оварда расонад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар пешбурд ва татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, хусусан амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти барномасозӣ ва рақамикунонӣ ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст.
Боиси хушнудист, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ фаъолият намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа нақши муҳимро иҷро намуда истодааст. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ, ҳавасмандии омӯзгорони ин кафедраро дар самти тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт.
Мирзоев А.Р. – д.и.п., профессор, мудири кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнии ДБББТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *