МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ

Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли соли 2024 таъсис ёфта, аз рӯйи самти “Масъалаҳои назариявию амалии таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, минтақашавӣ ва дигар тамоюлҳои ҷаҳон” корҳои илмию таҳқиқотиро ба роҳ мондааст.

Айни замон дар Институт 13 нафар фаъолият менамоянд, ки аз он 5 нафар доктори илм ва 5 нафар номзади илм мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Институт чунин корҳо ба сомон расонида шуд:

Аз ҷониби кормандони институт 7 монография, 1 воситаи таълимӣ, 3 мақолаи Scopus, 21 мақола дар маҷаллаҳои КОА назди Президенти ҶТ, 55 мақола дар конфронсҳои байналмилалӣ, 15 мақола дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, 35 мақолаи вокунишӣ ба чоп расонида шуданд.

Дар баробари ин аз тарафи кормандони шуъбаҳо 4 лоиҳаи фармоишии илмӣ ва 4 лоиҳаи грантӣ омода гардида, ба маркази таҳияи лоиҳаҳо супорида шудааст.

Дар самти татбиқи Лоиҳаҳои грантӣ аз ҷониби Институт “Лоиҳаи тадқиқоти арзёбии пешакии ҳолати  захираҳои сайёҳӣ  ва инфрасохтори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ таҳия ва татбиқ гардида истодааст.

Кормандони Институт оид ба самтҳои тадқиқототҳои илмӣ бо Федератсияи Россия, Гурҷистон, Олмон, Ҳолланд, Туркия, Қазоқистон, Эрон, Малайзия, Чин ва Узбекистон робитаҳои ҳамкорӣ барқарор намуда, бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Узбекистон 4 шартнома, Эрон 2 шартнома, Федератсияи Россия 2 шартнома ва Олмон 2 шартномаи ҳамкорӣ бастанд.

Институт барои таъсиси Шурои диссертатсионӣ дар назди КОА назди Президенти ҶТ ва Шурои диссертатсионӣ дар назди КОА назди ФР ҶТ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуда, дар баррасӣ қарор доранд. Дар баробари ин ду маҷаллаи илмӣ – “Маърифати сайёҳӣ” ва “Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ” таъсис дода шуд.