ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

(Дар ҳошияи ташрифи раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, дорои пайвандҳои қавии таърихӣ, анъанаҳои устувори дустӣ ва ҳамкории муштараки судманд мебошанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре мебошад, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохт ва муносиботи дипломатӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг моҳи январи соли 1992 барқарор шуд. Баробари оғози муносибатҳои дуҷониба дар Душанбе сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шуруъ намуд ва сафорати кишвари мо низ дар шаҳри Теҳрон соли 1995 ифтитоҳ гардид.
Пайвандҳои қавии таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Муносиботи дуҷонибаи ду кишвар дар давоми беш аз 33 сол сарфи назар аз марҳилаҳои душвор, тадриҷан рӯ ба рушд ниҳоданд, зеро мардумони ин давлатҳоро таъриху фарҳангу тамаддуни муштарак пайваста ба ҳам меорад.
Сафари давлатии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон идомаи сафари қаблии раисҷумҳури марҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ аст, чунки аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар равобити Тоҷикистону Эрон давраи нави муносибатҳо оғоз гардид ва он идома дорад. Масъуд Пизишкиён моҳи июли соли 2024 раисҷумҳури Эрон интихоб шуда буд ва дар маросими савгандёдкунии ӯ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва дар баробари ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотиашон ба унвони Раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ҷиҳати раисҷумҳури Эрон интихоб шуданашон барои боздид аз Душанбе даъват ба амал оварда буданд.
Дар тӯли 33 соли истиқлолият Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон 15 маротиба сафари давлатӣ, расмӣ ва корӣ доштанд. Сафарҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар сатҳои олӣ буд, ки сатҳи робитаҳои гуногунҷабҳаи ду давлатро ба вуҷуд оварданд. Дар ин муддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илм-маориф дар ҳудуди 200 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян сохта, дар бунёди асосҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши ҳалкунандаро иҷро карданд
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад, то имрӯз 15 нишасти ин Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 ширкатҳо, ки бо саҳми сармояи эронӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолият доранд.
Дар давраи солҳои 2007 – 2024 (11 моҳ) аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 647,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 299,4 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 24,1 миллион долларро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд. Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 боназардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 85 адад (51 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар маблағгузории қарзӣ ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 49,3 миллиард сомонӣ (4,5 миллиард доллар) – ро ташкил медиҳад. Воридоти сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хурока, истеҳсоли тракторҳо, кишоварзӣ, савдо равона карда шудааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои судманди худро дар якқатор соҳаҳои муҳими стратегӣ идома дода, як чанд ташаббусҳои муштаракро амалӣ мекунанд. Дар соҳаи нақлиёт ва логистика, Тоҷикистон бо истифода аз бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор талош менамояд, ки масири навиинтиқоли борҳо ва маҳсулоти ватаниро фароҳам оварад, ки ин метавонад хароҷоти нақлиётро коҳиш диҳад ва имкониятҳои тиҷоратиро вусъат бахшад. Дар бахши энергетика, Тоҷикистон ва Эрон лоиҳаҳои муштаракро дар истихроҷ ва коркарди нафт, газ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ мекунанд, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани дастрасии энергетикӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад. Ин ҳамкориҳо метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории энергетикӣ мусоидат намояд. Дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат, ду кишвар ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои дорусозӣ, саноати сабук ва сохтмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ин ташаббусҳо на танҳо барои рушди истеҳсолот ва афзоиши ҷойҳои корӣ, балки барои таъмини бозорҳо бомаҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунанд. Соҳаи сайёҳӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо маҳсуб мешавад. Бо соддагардонии низоми раводид барои рафтуомад миёни ҷумҳуриҳо ба муҳлати то 30 рӯз ва такмили инфрасохтори сайёҳӣ, ду кишвар метавонанд равобити фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳонро беҳтар намоянд, ки ин ба густариши робитаҳои иқтисодӣ ва байлалмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имкониятҳои Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим арзёби мегардад. Дар умум ба андозаи панҷ маротиба афзоиш ёфтани табодули мол миёни Тоҷикистону Эрон, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дониста мешавад. Шароити мазкур барои Тоҷикистон фурсати муносибро барои татбиқи сиёсати муваффақ ба вуҷуд овардааст, ки ин аз талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷию байналмилалии Тоҷикистон дарак медиҳад. Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои иқтидори бузург барои рушди минбаъда мебошанд ва метавонанд ба рушди устувори ҳар ду кишвар мусоидат намоянд.
Сардори шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушди ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *