(дар ҳошияи Нишасти матбуотӣ вобаста ба дастовардҳои Донишгоҳ дар соли 2024)
Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2024-ро бо дастовардҳои назаррас дар тамоми самтҳои фаъолият сипарӣ намуданд.
Дастовардҳои мазкур ба коллективи меҳнатӣ нерӯи наву созанда бахшида, онҳоро водор месозад, ки дар соли 2025 боз ҳам фаъолияти пурсамар дошта бошанд, аз ҷумла:
~ 24 майи соли 2024 Пешвои муаззами миллат ба бунёди маҷмааи биноҳои нави таълимии Донишкадаи байналмилалии Данғара санги асос гузоштанд.
~ Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, таҳти №199 Оиннома ва сохтори нави идоракунии Донишгоҳ тасдиқ гардида, тибқи он дар сохтори таркибии он 2 Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ, 3 Институти таълимӣ, 10 Марказ ва дигар воҳидҳои сохтории вобаста ба меъёрҳои ҷаҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудаанд.
~ Аз ҷониби раёсати донишгоҳ, дар робита ба ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти таҳкими фаъолияти Пажуҳишгоҳҳо корҳои муайян анҷом дода шуда, ҷиҳати бунёди Маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия карда шуда, ба ташкилотҳои маблағгузор пешниҳод гардид.
~ Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №380 донишкадаҳои байналмилалии донишгоҳ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.
~ Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, №619 муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе” ва “Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе” ба ихтиёри Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузаронида шуданд.
~ Ҷиҳати қадрдонии заҳмату талошҳои коллективи меҳнатӣ 4 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 1 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи II ва 4 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ тавассути шуъбаи умумӣ ва назорат 1105 мактуби воридотӣ ва 1319 мактуби содиротӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 4,7% ва 5,2% зиёд мебошанд.
~ Дар соли 2024 ба унвонии раёсати донишгоҳ 2435 ҳуҷҷатҳои мухталиф ворид гардиданд.
~ Дар ин давра барномаҳои таҳсилотии донишгоҳ дар доираи Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ то ба 96 адад расонида шуда, боиси зиёд шудани нақшаи қабул ва афзоиш ёфтани теъдоди омӯзгорон гардид.
~ Дар соли 2024 дар донишгоҳ теъдоди кафедраҳо аз 19 адад ба 24 адад зиёд карда шуда, ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ нисбат ба соли 2023 224 нафар (ё худ 172 воҳиди корӣ) дар донишгоҳ зиёд гардид.
~ Дар ин давра, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо бо 54 корхонаву ташкилотҳои истеҳсолию хизматрасонии ватаниву хориҷӣ дар мавриди гузаштани таҷрибаомӯзиҳо шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
~ Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини ҳамгироии байналмилалии равандҳои таҳсилотӣ бо ҷалби омӯзгорон, олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла аз муассисаҳои таълимӣ ва илмии Британияи Кабир, Ҳиндустон, Индонезия, Нидерланд, Малайзия, Чин, Олмон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз 150 лексияҳои маҷозӣ, семинарҳо, машғулиятҳои шабакавӣ ва озмунҳои таълимӣ доир карда шуданд.
~ Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ пойгоҳи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин карда шуда, зиёда аз 120 нафар донишҷӯён ба курси ройгони омӯзиши “Фарҳанги дастархондорӣ” фаро гирифта шуда, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси хизматрасон ҷалб гардида истодаанд.
~ Ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии мамлакат дар донишгоҳ Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони беш аз 70 корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ бо пешниҳоди зиёда аз 2000 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод иштирок намуданд.
~ Стратегияи рушди Донишгоҳ барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали он дар марҳилаи якум (солҳои 2024-2026) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, № 379 тасдиқ гардид.
~ Дар давоми соли 2024 ҷиҳати таҳкими минбаъдаи сифати баргузории машғулиятҳо ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири таълим, раванди баргузории зиёда аз 380 машғулият аз ҷониби коршиносон мавриди назарсанҷӣ қарор дода шуда, машғулиятҳои намунавии омӯзгорон ҷиҳати баҳрабардорӣ ба омӯзгорони ҷавон тавсия карда шуд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ, ҳайати устодон ва муҳаққиқони донишгоҳ ба таҳия ва нашри монографияҳо ва маводҳои илмӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Натиҷаи босамари онҳо боис гардид, ки дар ин давра 45 монографияи илмӣ ва 132 маводи таълимӣ (китоби дарсӣ, васоити таълимӣ, дастури методӣ) нашр намоянд.
~ Дар соли 2024 аз тарафи омӯзгорони Донишгоҳ 2720 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ ба нашр расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1639 адад, ё ин ки 2,5 маротиба зиёд мебошад.
~ Дар ин давра, 17 конфронси илмию амалии байналмилалӣ, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ, 12 ҳамоиши илмӣ, 2 конфронси умумидонишгоҳӣ, 60 мизи мудаввар, 8 семинари илмию назариявии доимоамалкунанда ва 270 семинари илмӣ назариявии омӯзгорон баргузор гардид.
~ Баҳри иҷро ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ», 30 марти соли 2024 дар МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳуқуқдон” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он донишҷӯёни 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзиданд.
~ Дар ин давра, дар донишгоҳ озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни донишҷӯёни МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
~ Рӯзҳои 2-3 майи соли 2024 Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11 МТМУ – и шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор гардид, ки беҳтаринҳо бо Ҷоми раёсат, диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
~ Рӯзҳои 20-21 майи соли 2024 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” инчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори раёсати Донишгоҳ IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор гардид.
~ Дар ин давра, иштироки фаъоли донишҷӯёни Донишгоҳ дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ шароит фароҳам овард, ки онҳо ба олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ низ роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Аз рӯйи натиҷаҳо дар ин давра донишҷӯён сазовори 7 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюм гардиданд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ ба раёсати Донишгоҳ муяссар гардид, ки ду шумораи маҷаллаҳои илмии “Иқтисод ва сайёҳӣ: тамоюл ва дурнамо”, “Масоили мубрами давлат, ҷомеа ва ҳуқуқи муосир”-ро нашр намояд.
~ Ҷиҳати иҷрои Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар ин давра 609 нафар (аз ҷумла 278 нафар бонувон) аз рӯйи 10 равия курсҳои кутоҳмуддати омӯзиширо гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд;
дар давраи ҳисоботӣ 108 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ бо 48 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимиву илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Айни замон, шумораи созишномаҳои ҳамкории донишгоҳ ба 250 адад расидааст.
~ Дар соли 2024 роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Корея, Шоҳигарии Британия Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чехия, Белорусия, Эрон, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишгоҳ ташриф оварданд.
~ Дар ин давра 106 мулоқоти маҷозӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олими касбии хориҷи кишвар анҷом дода шуд.
~ Дар соли 2024 яке аз рӯйдодҳои муҳим дар донишгоҳ ташрифи Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ва бо унвони ифтихории “Профессори фахрӣ” сарфароз гардондани ӯ ба ҳисоб меравад.
~ Дар давраи ҳисоботӣ ташрифи роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте ба Донишгоҳ сурат гирифта, масъалаҳои таъсиси Маркази забони олмонӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар ин давра, ҳамкорӣ ва мулоқотҳои пайвастаи раёсати донишгоҳ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ин самт ба роҳ монда шуд.
~ Моҳи сентябри соли 2024 ташрифи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ сурат гирифт.
~ Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ, сафари кории намояндагони раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба Давлати Қатар, Олмон, Чин, Малайзия, Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.
~ Дар соли 2024 роҳбарияти Донишгоҳ дар форуми байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2024, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар, Форумии иқтисодии ҷавонони Авруосиё, Форуми иқтисодии байналмилалии Қазон ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Теҳрон ва саноати марбут ба он, Форуми байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ” (шаҳрҳои Тифлис, Гурҷистон), конфронсҳои байналмилалии таҳсилот (шаҳрҳои Пекин, Гуанҷоу ва Шанхай) иштирок ва суханронӣ намуданд.
~ Дар соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байнимуассисавӣ намояндагони донишгоҳ бо унвони ифтихории профессори фахрии 2 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд. Унвонҳои ифтихории “Профессори фахрӣ” аз ҷониби Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқ ва Донишгоҳи касбии Завҷуани Чин дар фазои тантанавӣ ба ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор супорида шуд.
~ Дар соли 2024 панҷ нафар омӯзгори донишгоҳ дар доираи Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳундустон ITEC дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар Ҳиндустон ширкат варзиданд.
~ Дар соли 2024 ҳашт нафар ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони самти сайёҳии донишгоҳ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия ва 10 нафар омӯзгорони равияи иқтисодӣ дар Донишгоҳҳои биннес ва технологияи Сичуан, Синдао ва Завҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ 123 нафар донишҷӯйи Донишгоҳ дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва табодули академӣ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон, Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон, Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ва Донишгоҳи миллии Авруосиё ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
~ Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар давраи сессияи баҳории соли таҳсили 2024-2025 нишондиҳандаи мазкурро бамаротиб зиёд намояд. Айни замон, донишҷӯён давра ба давра ба донишгоҳҳои Олмон, Гурҷистон, Чехия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Корея, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо сафарбар гардида истодаанд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато гурӯҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ дар семинари омӯзишӣ барои роҳбаладони ояндаи Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ ширкат варзида, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардиданд.
~ Дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории дархостҳои лоиҳавии Донишгоҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025” илова карда шуда, дархостҳои лоиҳавии ҳайати илмию омӯзгорӣ барои маблағгузорӣ ба Бонки Осиёии Рушд, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии Рушд, Бунёди Қатар барои рушд ва Бунёди «Маориф аз ҳама боло» пешниҳод гардиданд.
~ Дар соли 2024 донишҷӯёни донишгоҳ дар 6 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла озмуни байналмилалии “Модели БРИКС ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
~ Раёсати тарбия ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади дар руҳияи баланди ватандустӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани ҷавонон дар соли 2024 беш аз 400 чорабиниҳои тарбиявӣ-варзишӣ, фарҳангӣ ва вохӯриҳои муштарак бо ниҳодҳои давлатӣ баргузор намуд.
~ Соли 2024 бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим донишҷӯёни донишгоҳ пайваста ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ва сексияҳои варзишӣ ҷалб карда шуданд ва ҳолати мазкур имкон дод, ки онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявии “Гӯштини миллӣ”, “Шоҳмот”, “Волейбол” ва ғайраҳо сазовори ҷойҳои намоён гарданд.
~ Дар ин давра, баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи Донишгоҳ, Донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии зертобеъ зиёда аз 150 000 гулҳои мавсимӣ ва дарахтҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд.
~ Соли 2024 бинои якуми донишгоҳ ба пуррагӣ таъмир карда шуда, литсейи донишгоҳ ба ин бино гузаронида шуд. Намои берунии биноҳои донишгоҳ низ ба пуррагӣ таъмир гардида, синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда шуданд.
~ Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳ 3 донишкадаи байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар асоси ин қарор Донишкадаи байналмилалии Данғара аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 21 августи соли 2024 гардид.
~ Шумораи омӯзгорону кормандони Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд” дар давраи ҳисоботӣ 144 нафарро дар бар гирифта, иқтидори илмӣ 45,8%-ро ташкил медиҳад.
~ Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд 1534 нафар донишҷӯ дар 51 гурӯҳи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
~ Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант 2 факултет ва 4 кафедра бо теъдоди умумии 52 гурӯҳи таълимию академӣ ва 79 нафар ҳайати илмӣ педагогӣ фаъолият менамояд.
~ Дар Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ 13 нафар корманд – 1 нафар академики АМИТ, 1 нафар академики АБН ФР, 4 нафар профессор, 7 нафар номзади илм ва як нафар сармутахассис, аз ҷумла як шаҳрванди хориҷӣ аз Федератсияи Россия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ба кор ҷалб гардидаанд.
~ Дар давоми фаъолияти худ дар соли 2024 аз тарафи кормандони Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ 7 монография, 1 воситаи таълимӣ, 3 мақолаи скопус, 21 мақолаи тақризшаванда, 55 мақола дар конронсҳои байналмилалӣ, 15 мақола дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва 21 мақолаҳои оммавӣ ба нашр расонида шудааст.
~ Дар соли 2024 дар Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисодиёти сабз 11 корманд, аз ҷумла 8 корманди доимӣ ва 3 ҳамкор, ки аз инҳо 2 доктори илм ва 4 номзади илм мебошанд, ба фаъолият машғул буданд.
~ Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисодиёти сабз дар ин давра аз тарафи кормандони ин Пажуҳишгоҳи 1 воситаи таълимӣ, 3 монография, 24 мақола дар маҷаллаҳои КОА, 58 мақола дар конфронсҳои байналмилалӣ, 40 мақолаҳои оммавӣ ва 20 мақола дар дигар маҷалаҳои илмӣ ба нашр расонида шуданд.
~ Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант соли дуюм аст, ки фаъолият намуда, аз рўи равияҳои саноатӣ-техникӣ ва омӯзгорӣ омода менамояд. Айни замон, Коллеҷ дорои 1 факултет (факултети саноат ва хизматрасонӣ) ва 1 кафедра мебошад.
~ Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бо 8 гурӯҳи таълимӣ ва 170 донишҷӯ ба роҳ монд. Дар Литсейи назди ДБССТ дар ин давра 47 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Дар 28 синф 631 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 11 синф бо забони тоҷикӣ ва 17 синф бо забони русӣ таҳсил менамоянд.
~ Дар литсейи донишгоҳ 4 нафар хонанда гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафар гирандаи Стипендияи раиси шаҳри Душанбе мебошанд.
Умедворем, ки дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2025 ва солҳои минбаъда боз ҳам афзун хоҳанд гашт. Стратегияи рушди донишгоҳ метавонад дар беҳтар намудани сатҳи таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми бузург гузорад.