Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Барномаҳои таълимӣ
Фалсафа – барои донишҷӯёни имконияти фаъолияти маънавиест, ки имконияти пайдо намудани маданияти тафаккури боаќлона, мањорати озодона истифода намудани мафњумњо, пешнињоду асоснок намудани ин ё он аќида, људо намудани аќидањои асоси аз аќидањои ѓайри асосию дуюмдараља, муайян намудани робитањои њодисоту воќеият, тањлил намудани зиддиятњои њаёти ва ғайраро меомӯзонад.
Таърихи муосири Тоҷикистон – барои донишҷуён имконият медиҳад, ки Халќи тољик дар оѓози асри XX1 – ро аз худ намоянд. Махсусан барҳам хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ. Ташкил ёфтани љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон. Љанги шањрвандї ва оќибатњои он. Созиши миллї. Ислоњотњои сиёси ва иќтисодї. Эњё ва равнаќи робитањои Тољикистон соњибистиќлол бо тољикони берунмарзї. Сањми Љумњурии Тољикистон дар љањони имрўза. Дигаргунсозиҳо дар самти саноат, хусусигардонӣ ва оқибати он, энергетика нақлиёт ва роҳсозӣ, алоқа соҳибкорӣ, пешравиҳо дар самти илму фарҳанг, бунёди муассисаҳои умумии таълимӣ, мактабҳои олӣ, академияи милли илмҳо, тандурустӣ, варзиш, дигаргунсозиҳо дар самти кишоварзӣ, ислоҳот дар самти аграрӣ, Хоҷагиҳои деҳқонӣ, вазъи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмуъ тамоми самтҳои рушди ҳаёти муосири тоҷик омӯзонида мешаванд.
Таърихи умуммии Русия – Мақсади аз худ намудани фанни таълимии «Таърихи умумии Русия» шинос кардани донишҷӯён бо таърих, иқтисод ва фарҳанги яке аз халқҳои қадимии ҷаҳон, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи хоса дорад, мебошад. Ҳамчунин донишҷуён водор ба он менамоем, ки донишҳои назариявии худро барои таҳлили сиёсати дохилию берунӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар ва истифодаи донишҳои дар амалия ба даст овардашуда барои арзёбии натиҷаҳои ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии дар кишвар гузаронидашуда, тахлили вокеахои таърихй, саҳифахои каҳрамонию фочиавии таърихи худро фарк карда тавонанд, воқеаю ҳаракатҳои байналхалқиро тахлил намуда, хулосаи дуруст бароранд.
Мантиқ – Мантиќ илмест, ки роњњои дурусти муњокима ва тафаккури сањењро омўзонида, бархўрдор шудан аз он барои њар як фарди равшанфикр хело муњим мебошад. Илми мантиќ на танњо имрўз, балки дар даврањои ќадим низ ќисми људонашавандаи илмњо будааст. Аз ин рў, дар ин муассиса илми фанни мантиқ барои донишҷуён омӯзонида мешавад. Донишњои мантиќї ќисми таркибии маълумоти иќтисодиро низ ташкил медињад. Аз ин љост, ки мантиќ на танњо дар соњаи гуманитарї, балки дар илмњои иќтисодї низ муњим буда, дар бунёди илмњои иќтисодї низ васеъ истифода бурда мешавад. Мантиќ имконият медињад, ки иќтисодчї тавассути хулосабарорињои мантиќї натиљањои дуруст бароварда, ба маќсадњои худ ноил гардад.
Этика Эстетика – баланд бардоштан ва такмил додани сатњи маърифати ахлоќию фарњангии донишљўён, инкишоф додани донишњои назарии донишљўён доири таърих, фалсафа ва назарияи ахлоќи миллї ва умумибашарї, омўзонидани таърих ва рушди ахлоќи миллї ва умумибашарї аз ањди ќадим то замони муосир, аз худ намудани намунањои нодиртарини дастовардњои ахлоќию маънавии инсоният ва ғайра меомузанад.
Сотсиология – дар рушду такомули донишу маърифат ва љањонбинии донишљўён, ошноӣ пайдо намудани онҳо бо самтҳои асосии тадқиқотҳои сотсиологӣ дар соҳаи иқтисодиёт, тарзу усули доир намудани тадқиқотҳои сотсиологӣ ва дар маљмўъ барои омода намудани онњо барои фаъолияти минбаъда дар соњаи фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат менамояд
Диншиносии илмӣ – Дар нимаи дуюми асри XIX бо пешрафт ва шохабандии илмњои таърих, фалсафа ва пайдоиши илмњои мардумшиносї, бостоншиносї, инсоншиносї, асотиршиносї диншиносӣ низ њамчун илми алоњида аз илмњои дигар људо гардида ба тадриљ худ низ ба шохањо таќсим гардид. Бо истиќбол ёфтани илми диншиносӣ усулу навњои тањкиќу баррасии дин таѓийр ва такомул меёбад. ҷомеаи љањони имрўза хеле пурташвиш, зудтаѓйир ва зиддиятноку пурошўб мебошад. Дар солњои охир зиддияти байни давлату дин шаклњои дигарро гирифтааст. Аз ин рӯ ба донишҷуён омӯзонидани дин ва фалсафаи дин, муносибати дин ба ахлоќ дар робита бо ниёзњо ва заруратњои ахлоќи амали таваљљуњи зиёд намудани динро на аз мавќеи илоњиёт, балки аз мавќеи аќлу хирад омӯзонида мешавад.