Нимаи дуюми рӯзи 5 апрели соли 2025 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти Донишгоҳ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо, ректорони донишкадаҳои байналмилалии Левакант, Хуҷанд ва Данғара, роҳбарони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, марказҳо, коллеҷу литсейҳо ва ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ иштирок доштанд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон самимона табрик намуд. Ректори Донишгоҳ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванди таърихӣ басо арзишманд арзёбӣ намуда, Президенти маҳбуби кишварамонро ташаббускор ва ҳомии сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамгироии минтақавӣ унвон кард.
Дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ семоҳаи аввалро бо дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, илм, тарбия, рушди стратегӣ ва робитаҳои байналмилалӣ паси сар намуданд. Дастовардҳои бадастомада ҳамчун омили таҳрикдиҳанда барои фаъолияти минбаъдаи пурсамари коллектив арзёбӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки дар шароити имрӯза Донишгоҳ ба як муассисаи таҳсилоти олии бисёрзинагӣ ва бисёрсоҳа табдил ёфта, дар фазои таҳсилотии кишвар ва сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро соҳиб шудааст.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасола дар мавриди баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти таҳсилот пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2024 таъкид доштанд, ки “… Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.
Дар ин замина, роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалии супоришҳои Пешвои миллат ва мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муҳим андешидааст. Аз ҷумла, дар самти табодули академӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ва сафарҳои хидматии ҳайати роҳбарикунанда корҳои муассир ба роҳ монда шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, мавқеи донишгоҳ дар бозори хизматрасониҳои таҳсилотӣ афзоиш ёфта, муваффақиятҳои илмӣ ва академии донишҷӯёну омӯзгорон марҳила ба марҳила вусъат меёбанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа фаъолияти ҳамаҷонибаи донишгоҳ дар семоҳаи аввал мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, онро қобили қабул ва дастоварднок арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба ҳайати васеи омӯзгорону кормандон ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам баландтар дар семоҳаҳои минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода, вобаста ба онҳо аз ҷониби Шӯрои олимон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.