Ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар тўли 30 соли фаъолияти худ дар радифи таълиму тарбияи ҷавонон дастовардҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотӣ низ ба даст овардаанд. Зеро илму амал бо ҳам тавъам мебошанд. Набояд устод танҳо дарсгў ва ё тарбиятгар бошад. Ў бояд пайваста дар пажўҳиши илм қарор дошта, фанну ихтисоси хешро ҳамеша такмил диҳад.
Ҳамзамон устодро мебояд, омўзанда ва ташнаву ҳариси илм, фарҳангдўст, огаҳ аз дастовардҳо ва арзиши миллӣ бошад, Ватани худро дўст дорад, шогирдонро дар ҳамин рўҳия омода намояд. Монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, васоити айёнӣ таълиф намуда, машғулиятҳои хешро пурмазмун ва самаранок гузаронад.
Сатҳу дараҷаи илмии устодони донишгоҳ хушбахтона аз ҳисоби кашфиёту таҳқиқотҳои илмӣ тадриҷан сол то сол меафзоянд.

Ҳайати профессорӣ-омўзгории донишгоҳ тўли 30 сол ба таҳқиқоти проблемаҳои рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва соҳаи инноватсионии иқтисодиёти мамлакат машғул мебошанд. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо фаъолияти таълимии донишгоҳ хеле зич алоқаманд буда, вобаста ба талаботи замон ва бозори хизматрасониҳои зеҳнӣ, ҳамчунин бо таъсиси ихтисосҳои нав дар донишгоҳ мунтазам тасҳеҳ карда мешаванд.