Мавқеи Тоҷикистон дар бораи баҳси марз мушаххас аст
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мақолаи коршиноси масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» баргузор гардид, ки дар он муаллифи мақолаи мазкур Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Алимурод Бобоев, корманди раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Холназар Назаров, деканони факултаҳо, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ иштирок ва суханронӣ кардаанд.
Нахуст Алимурод Бобоев ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати тарбияи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносию хештаншиносии донишҷӯён таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ин замина, чорабиниҳои гуногунро мегузаронад. Баргузории ҳамоиши имрӯза низ дар ҳамовозӣ ба ин ҳадафҳои наҷиб мебошад.
Сипас, коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи мақолаи «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» шарҳу тавзеҳ дода, ҳадафҳои аслии рӯйи кор омадани чунин пажуҳишро дар мавзуи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирѓизистон муфассал қаламдод намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар навиштаи мазкур талош шудааст ба ин саволҳо: чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байни ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? посухҳои мушаххас дода шавад.
Ба гуфтаи А. Раҳнамо низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст.
Ин аст, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад. Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд…
Албатта, то ин лаҳза ба шарҳи ҳуқуқии мавқеи Тоҷикистон низ аз сӯи баъзе муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла, ҳуқуқшинос Маҳмуд Абдуллоев таваҷҷуҳ гашта, дар навиштаҳои эшон маълумот ва андешаҳои арзишманд дар ин самт ироа шудаанд. Аммо мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад. Яъне, он амалан ШАРҲИ «ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ИН НИЗОСТ. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзуъ асос қарор диҳад…
Мавсуф дар идомаи суханронии худ бо истифода аз харита ва далелу санадҳои раднопазир оид ба инъикоси мавзуи баҳси марз дар пажуҳиши мазкур иттилооти комил пешниҳод намуда, таъкид кард, ки барои ҳалли ин ихтилофот Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба санаду арқоми саҳеҳ ва қобили эътимоде, ки дар даст дорад, такя мекунад.
Дар фарҷом Абдуллоҳи Раҳнамо ба суолҳои ҳозирин посух дода, афзуд, ки дар навиштани ин мавод хеле аз дӯстону коршиносон ширкат варзида, санадҳои таърихӣ, факту рақам ва далелҳои нав пешкаш намуданд ва метавон гуфт, ки ин пажуҳиш кори ҳамагонии кулли миллат мебошад.
Д. Аваззода,
корманди раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ