ERASMUS+ ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ АВРУПО БО ДОНИШГОҲИ ПЕШҚАДАМИ РУМИНИЯ

Аз 24 то 28 ноябри соли 2025, н.и.и., дотсент Ҷаҳонгир Машокиров мудири шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо сафари корӣ ба Донишгоҳи илмҳои табиӣ ба номи «Подшоҳ Михай I» дар шаҳри Тимишоараи Руминия ташриф овард.

Сафари академӣ бо вохӯрӣ аз роҳбарияти донишгоҳи мизбон оғоз ёфт. Дар ин мулоқот профессор Раул Паскалау — директори робитаҳои байналмилалӣ, профессор Андреа Фехер — ҳамоҳангсози барномаи Erasmus+, ва профессор Рамона Мариана — декани факултаи менеҷменти сайёҳии аграрӣ иштирок карданд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ изҳор карданд.

Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкорӣ муайян гардиданд:

– табодули донишҷӯён дар доираи барномаи Erasmus+;

– табодули академии устодон миёни ду донишгоҳ;

– лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва тадқиқотӣ;

– имкониятҳои ҷалби грантҳои муштарак.

Дар доираи ҳафтаи академӣ, дотсент Ҷаҳонгир Машокиров дар барномаҳои таълимӣ иштирок намуда, таҷрибаи аврупоиро омӯхт ва барои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳи мизбон лексияи академии байналмилалӣ пешниҳод менамояд.

Ин сафари корӣ барои тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва қадамгузорӣ ба фазои таҳсилоти олии Аврупо аҳамияти хоса дорад.

ДБССТ минбаъд низ ҳаводоронро дар бораи ҷараёни ҳамкориҳо дар доираи Erasmus+ огоҳ хоҳад кард.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар