Гурӯҳи навбатии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иборат аз 17 нафар дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв сафарбар гардиданд.
Ҳадаф аз роҳандозии табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар муассисаи таълимии болозикр, ҳамзамон баланд бардоштани малакаҳо ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён ва омӯзиши усулҳои нави таълим маҳсуб меёбад.
Дар доираи барномаи табодули академии “WELCOME TO ENU” имкониятҳо ва шароитҳои мусоид фароҳам буда, таҳсил ва хобгоҳ барои донишҷӯён ройгон мебошад. Ҳамзамон, донишҷӯён барои истифодаи маводи таълимӣ дастрасии ройгон пайдо мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Корея, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Гурҷистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо идома ёфта, баҳри омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидаанд.