Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Муроҷиатномаи ректори Донишгоҳ
Дӯстони гиромӣ!
Бо камоли ифтихор ва самимият шуморо аз номи раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистондар сомонаи расмӣ хуш омадед мегӯям. Донишгоҳи мо ҳамчун як маркази илмию таълимӣ дар раванди рушд қарор дошта, вазифаи асосии он омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯи тақозои ҷаҳони муосир ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат мебошад.
Ғамхории ҳамаҷониба ва пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди донишгоҳ аҳаммияти хоса дорад. Сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф имкониятҳои навро барои ҷавонони мо фароҳам оварда, ба онҳо шароити дастрасӣ ба таҳсили босифат ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалиро таъмин мекунад. Маҳз, бо дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба сатҳи нав расида, аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар гардид, ки мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалии худро таҳким бахшем, технологияҳои пешқадами таълимиро ҷорӣ намоем ва мутахассисони сатҳи ҷаҳониро омода созем.
Бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, мо ташкили муҳити таълимии инноватсионӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро идома медиҳем. Донишҷӯёни мо – мутахассисони насли нави Тоҷикистон – дорои дониши амиқи касбӣ буда, саҳми назарраси худро дар рушди устувор ва шукуфоии кишвар мегузоранд.
Бовар дорам, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ мақоми худро ҳамчун маркази пешсафи илму навовариҳо тақвият хоҳад бахшид.
Бо эҳтиром,
Асрорзода Убайдулло Саттор,
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор