Мудири кафедраи географияи  иқтисодӣ ва экология

Имомзода Муродалӣ Қурбонмаҳмад

Тел.: (+992) 880-80-13-55

e-mail: imomov_m_88@ mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Имомзода Муродалӣ Қурбонмаҳмад – мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Имомзода М.Қ. 2-юми апрели соли 1988 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1995 ба МТМУ № 41-и ноҳияи Хуросон рафта, соли 2006 МТМУ № 8-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Аз соли 2006 ба ихтисоси молия ва қарз собиқ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шуда, онро соли 2011 бо дипломи аъло (сурх) хатм намудааст.

Аз соли 2011 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда, ҳамчун коршиноси сифати таҳсилот дар донишгоҳ шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ рушди бахши давлатии соҳаи хизматрасонӣ, роҳҳои баландбардории самаранокии корхонаҳои давлатӣ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ ва идоракунии воситаҳои қарзи давлатиро дар бар мегиранд.

Моҳи апрели соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи «Такмили механизми иқтисодии рушди бахши давлатии соҳаи хизматрасонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷумъаев Баҳовуддин Маҳмадназарович дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Имомзода Муродалӣ дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи молия ва андозбандии ДСХ (2021-2012), муаллими калон (2012-2020), муовини декан оид ба тарбия (2013-2017), муовини декан оид ба таълим ДССХ (2017-2018), и.в. дотсенти кафедраи молия ва андозбандӣ (2021), сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДБССТ (2022-2023), мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2024-2025) кору фаъолият намудааст.

Ӯ муаллифи 1 китоби дарсӣ (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 монография, 6 васоити таълимӣ, 2 дастури методӣ, 16 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 80 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши хизматрасониҳои давлатӣ, рушди корхонаҳои давлатӣ, таъмини самаранокии воситаҳои қарзи давлатӣ ва рушди муносибатҳои молиявии кишвар мебошад.

Имомзода Муродалӣ ҳоло дар мавзуъи «Такмили механизми иқтисодӣ-молиявии рушди бахши давлатии соҳаи хизматрасонӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: назария, методология ва стратегия» рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.


Шарипов  Асадулло  Камолович

Тел.: (+992) 988-16-98-66

 

 

 

 

 

Маълумоти  мухтасар

Шарипов Асадулло Камолович – омӯзгори калони кафедраи  географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва  соҳибкории Тоҷикистон.

Шарипов А. 20-уми майи соли 1969 дар шаҳри Кӯлоби вилояти  Хатлон таваллуд шуда, аз сентябри соли 1976 ба МТМУ № 23-и шаҳри  Кӯлоб рафта, онро соли 1986 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Солҳои  1987-1989 ба сафи қушунҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ  даъват шуда адои хизмат намудааст. Аз соли 1990 ба шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси “физика бо иловагии математика”-и факултаи физикаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории  шаҳри  Кӯлоб  ба  номи  А. Рӯдакӣ  дохил  шуда, онро  соли  1995  бо  дипломи  мутахассис  хатм  намудааст.

Аз  соли  1995  фаъолияти  кориашро  ба  ҳайси  лаборанти  калони кафедраи  методикаи  таълими  физикаи донишгоҳи  мазкур шурӯъ  намудааст.  Аз  соли  1998  то  соли  2005 дар вазифаи  ассисенти  кафедраи  номбурда ва аз  соли  2005-ум  ба  ҳайси   муаллими калон  дар  факултаи  физика  фаъолият  намудааст.

Аз январи соли 2025 ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузашта, дар кафедраи географияи иқтисоди ва экалогия ба ҳайси муаллими калон фаъолият намуда истодааст.

Шарипов А. ҳоло дар мавзуъи “Усули моделсозии компютерӣ барои тадқиқи  обеъктҳои физикӣ” рисолаи номзади омада намуда истодааст.


Мирзоев Шуҷоатбек Давлятбегович

Тел.: (+992) 93-513-09-43

e-mail: shudjoatbek60@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Мирзоев Шуҷоатбек Давлятбегович – муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ

27.04.1960 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Факултети меваю сабзавот ва токпарварии Институти хоҷагии қишлоқи Кубани шаҳри Краснодари Федератсияи Россияро бо касби агроном, ихтисоси меваю сабзавот ва токпарварӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ, форсӣ, дариро озод ва англисиро бо луғат медонад. Рутбаи ҳарбияш-подполковники эҳтиётӣ. Собиқадор – иштирокчии амалётҳои ҷангӣ оид ба барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳои вазоратҳо ва донишгоҳ қадр гардидааст.

Мирзоев Ш. дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои агрономи сабзавотпарвар, агрономи энтомолог, мудири гармхонаҳои совхози «Сабзавот»-и ноҳия Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён)-и вилояти Хатлон (1983-1986), мутахассиси калон, сармутахассис, муовини сардори  Шуба, сардори Шубаи истеҳсол, фурӯш, коркард, захира ва интиқоли маҳсулотҳои меваю сабзавот, ангур ва ситрусии Кумитаи агросаноатии вилояти Хатлон, ш. Бохтар (1986-1992), Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хизмати ҳарбӣ), ш. Душанбе (1992-2008), Ходими калони илмии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, ш. Душанбе (2009-2010), Мутахассис, мутахассиси баранда, сармутахасиси Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе (2010-2015),

Методисти Шубаи таълимию методии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, ш. Душанбе (04.2015-09.2015), Ассистенти кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, ш. Душанбе (09.2015-02.2021), Омӯзгори калони кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии ДАТ ба номи. Ш. Шотемур, ш. Душанбе (01.02.2021-26.12.2024) кору фаъолият намудааст.

Аз январи соли 2025 ба кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузаштааст.

Соли 1985-ум курси такмили ихтисоси кадрҳоро аз рӯи барномаи агроном-муҳандиси соҳаи гармхонаҳо дар Инситути умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ (ш. Москва) бо шаҳодатномаи аъло хатм намудааст.

Соли 2010 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин курси такмили ихтисоси кадрҳоро дар самти технологияи коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаст.

Соли 2014 дар Конфроси митақавии давлатҳои Авру-Осиё (ш. Стамбул) оид ба тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, ҳамчун намояндаи Тоҷикистон иштирок ва баромад намудааст.

Курсҳои такмили ихтисоси кадрҳоро: соли 2016 аз рӯи равияи “Агротехнология ва методикаи муосири таълим”, соли 2017 аз рӯи барномаи “Методикаи таълими фанҳои тахассусӣ ва имлои забонҳои тоҷикию русӣ”, соли 2020 аз рӯи барномаи “Истифодаи тахтаҳои электронӣ, омӯзиши забони русӣ, забони англисӣ, такмили раванди дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО”, соли 2021 аз рӯи барномаи “Такмили омӯзиши забонҳо, маҳорати омӯзгорӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ ва масъалаҳои мубрами кишоварзӣ” хатм карда, соҳиби дипломи аъло ва шаҳодатнома гардидааст.

Ӯ муаллифи 1 тавсиянома, 8 дастури таълимию методӣ ва 1 монография мебошад. Зиёда аз 25 мақолаи илмӣ навиштааст, аз он ҷумала 6 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ба табъ расидаанд:

Мирзоев Шуҷоатбек Давлятбегович ҳоло дар мавзуъи «Технологияи парвариши навъҳои қаламфури ширин дар гармхонаҳои плёнкагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.


Раҷабеков Ғуломсафдар Ҷомиевич

Тел.: +(992) 93-570-30-30

e-mail: safdarrajabek@gmail.com

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Раҷабеков Ғуломсафдар Ҷомиевич – муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Раҷабеков моҳи марти соли 1962 дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Соли 1979 ба факултаи ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко шомил шуда, соли 1984 онро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.

Дар соли 1984 аввалан дар мактаби рақами 46-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ намуда, баъдан аз ноябри ҳамин сол ба аспирантураи пажуҳишгоҳи Ховаршиносии академияи илмҳои Тоҷикистони Шуравӣ дар бахши иқтисоди кишварҳои рӯ ба инкишоф дохил шудааст.

Соли 1985 ба сафи урдуи Шуравӣ даъват шуда, дар тӯли яку ним сол адои хизмат намуда аз соли 1987 хониши аспирантураи хешро идома бахшид. Аз соли 1989 то декабри соли 1992 ба ҳайси ходими хурди илмӣ дар ҳамин пажуҳишгоҳ кор кардааст.

Дар соли 1993 аввалан дар мактаби рақами 2 ноҳияи Роштқалъа ба ҳайси муаллими ҷуғрофия ва биология корро шурӯъ намуд ва ҳамзамон дар факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба ҳайси муаллими фанни ҷуғрофия ва иқтисод фаъолият намуда, аз соли1994 пурра ба ин Донишгоҳ гузашт.

Аз соли 1996 номбурда дар пиёда сохтани Барномаи ҳамкории соҳибкории Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисод ширкат варзид ва баъдан шомили Барномаи маорифи Оғохон шуда, дар Мактаби иқтисодии Лондон таъсил намуд ва ин барномаро соли 1997 дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ амалӣ намуд.

Дар тӯли солҳои 2001-2002 ба ҳайси корманд-тадқиқотчӣ ба шуъбаи кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти Шарқшиносии Академияи Илмҳои Федератсияи Россия шомил шуда, соли 2002 рисолаи илмиро дар мавзуи “Масъалаҳои иқтисодии барқароркунӣ ва рушди энергетика дар Афғонистон” бомуваффақият анҷом дода, ба ватан баргашт.                       Дар тӯли солҳои 2002-2006 ба вазифаи Директори Мактаби Касбӣ ва Омузиши Давомдори Донишгоҳи Осиёи Маркарзӣ кору фаъолият намуд.

Соли 2006 ба ҳайси ҳамоҳангкунандаи барномаи “Мустаҳкамкунии системаи миллии оморӣ”-и Кумитаи Омори Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Бонки Ҷаҳонӣ ба кор шурӯъ кард. Барномаи мазкур натиҷаи хуб дод ва аз соли 2011 барномаи ҳамранги онро, ки дар кишвари Афғонистон амалӣ намуд.

Соли 2014 шомили барномаи Кумитаи Рушди Ҷамоатхонаҳо ба ҳайси директори иҷроия гардид. Дар соли 2024 фаъолияти мушовирӣ бурда, ҳисоботи 3 барнома, аз ҷумла таҳлили вазъи саноати сабук ва бофандагӣ, таҳлили кучиши ҷавонони Тоҷикистон ва имконияти пайдо намудани кор дар кишвар ва омодасозии бизнес-нақшаҳо барои соҳибкорони хурд фаъолият кард.

Аз моҳи январи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология кор мекунад.

Ғуломсафдар дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёда аз 30 мақола ва корҳои илмӣ ба табъ расонида, дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат кардааст. Айни замон дар баробари навиштани мақолаҳои илмӣ ва омода намудани маводи таълимӣ дар мавзӯи «Саноати сӯзишворӣ ва энергетикаи Афғонистон: ташаккул ва дурнамо» корҳои докториро анҷом дода истодааст. Сафдар дар тамоми умри худ дар баробари фаъолияти илмӣ боз ба забонҳои модарӣ ва тоҷикӣ шеър низ эчод менамояд.


Бобоев Маҳмуд

Тел.: (+992) 907-01-19-53

e-mail: imomov_m_88@ mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Бобоев Маҳмуд – омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Бобоев М. 1-уми декабри соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, аз сентябри соли 1961 ба интернати № 2-и шаҳри Душанбе рафта, онро соли 1972 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз сентябри соли 1972 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси “География-биология”-и факултети география-биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, онро соли 1977 хатм намудааст.

Бобоев М. дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои омӯзгори фанни география дар МТМУ № 114-и шаҳри Ваҳдат (1977), омӯзгори фанни география дар МТМУ № 7-и шаҳри Норак, ҳамзамон ҷонишини директор (1979), омӯзгори фанҳои тахассусӣ муассисаи расомии шаҳри Норак (1984), омӯзгори фанни география дар МТМУ № 26-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе (1987), саррасоми Муассисаи рангбарору кулолбарории шаҳри Душанбе (1988-2006), ҳайкалтароши кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ (2007-2018), муаллими калони кафедраи фанҳои тахассусӣ-ҳайкалтарошии Коллеҷи ҷумҳуриявии расомии шаҳри Душанбе ба номи М. Олимов (2019-2023) кору фаъолият намудааст.

Вай кай дар куҷо ва дар кадом мавзуъ ҳимоя кардааст?

Аз сентябри соли 2024 ба тариқи озмун ба кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донигоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба кор қабул карда шуда, фаъолияти таълимӣ ва илмию эҷодиашро давом дода истодааст.

Ӯ муаллифи 1 монография, 3 васоити таълимӣ, 3 дастури методӣ, 4 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 15 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи соҳаи санъати меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ мебошад.

Барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ, муаррифии санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва хизматҳои бенуқсон дар таълиму тарбия бо зиёда аз 40 мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.


Қаландаров Аҳрорҷон Аҳмадович

Телефон: (+992) 919-07-80-70

Email: kalandarov 71@List.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Қаландаров Аҳрорҷон Аҳмадович – номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Қаландаров А. аз соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ба ҳайси ассистент, муаллими калон фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2011 и.в. мудири кафедраи  «Геоэкология» ва аз соли 2011-2013 вазифаи мудири кафедраи географияи табиии факултети географияро адо намудааст. Дар тӯли солҳои 2013 то 2016 ба вазифаи мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2017 ба вазифаи мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети география ва аз соли 2020 ба вазифаи декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2024 то соли 2025 ба вазифаи мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ҳоло бошад ба ҳайси дотсенти кафедраи мазкур фаъолият карда истодааст. Дар тӯли фаъолияти кориаш 4 васоити таълимӣ, 1 монография, 2 барномаи таълимӣ, 84 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 13 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА ҶТ ва РФ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба нашр расонидааст.

Қаландаров рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Хусусиёти иҷтимоӣ-иқтисодии рушди шаҳрҳо дар шароити иқтисоди тағйирёбандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли вилояти Суғд)” дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 2011 бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Қаландаров Аҳрор Аҳмадович омӯзгори масъулиятшинос ва серталаб буда, ҳамчунин маҳорати баланди таҳлил намудан ва баровардани хулосаҳои илмиро дошта, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Иқтисодиёти аҳолӣ ва демографияи ИИД АИ ҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ ҳамкорӣ намуда, курси бозомӯзиро дар УЦА муддати шаш моҳ гузаронида, соҳиби диплом  гардидааст.

Барои хизматҳои пурсамару бисёрсолааш Қаландаров соли 2013 бо ифтихорномаи «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон» ва соли 2015 ба ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардонидааст. Дар зери роҳбарии вай як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

Қаландаров Аҳрор Аҳмадович ҳоло дар мавзуъи “Қонуниятҳои иқтисодӣ-географии рушди иқтисодӣ-демографии шаҳрҳо дар шароити иқтисоди тағйирёбандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” кори доктории хешро пеш бурда истодааст.


Мақсадов Ҳабибулло Исматович

 тел: (+992) 917-94-71-73; e-mail: maksadov.1961@mail.ru

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

 Мақсадов Ҳабибулло Исматович – дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент   

Аз соли 1986 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда, ҳамчун муҳаққиқи риштаи таърихи илм ва экология шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ таҳққиқи осори илмии мардумони форсу-тоҷик, бахусус таърихи инкишофи илмӣ  дар Осиёи Миёна ва Эрон аз замонҳои қадим то ба имрӯз ва таъсири он ба рушди илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ,  ҳамзамон омузиш, таълим ва тадриси фанни экология мебошад.

Дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Носири Хусрави ш. Бохтар дар таърихи 6-уми марти соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи «Таърихи инкишофи илми ситорашиносӣ дар Осиёи Миёна ва Эрон дар асри XIII» зери роҳбарии Комилӣ Абдулҳай Шарифзода, доктори илмҳои физикаю математика, профессор ҳимоя намудааст.

Мақсадов Ҳабибулло Исматович  фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1986 бевосита пас аз хатми Донишгоҳ ба сифати лабаранти калони Институти политехникии Тоҷикистон оғоз намуд. Солҳои 1987-1989 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ аз солҳои 1990 то соли 1991 лобаранти калони пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи АИ ҶТ, солҳои 1991-1993 инженери дараҷаи дуюми пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи АИ ҶТ, соли 1993 инженери дараҷаи якуми пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи АИ ҶТ, солҳои 1993-1996 ба ходими хурди илмии шӯъбаи таърихи илм ва техникаи пажӯҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ гузаронида шуд. Аз соли 1999 то соли 2010 ба сифати  корманди калони илмии пажӯҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ шуда кор кардааст. Аз якуми марти соли 2011 муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ, аз сентябри соли 2023 дотсенти кафедраи болозикр фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2024 ба тариқи озмун дар вазифаи и.в. дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  қабул гардида, фаъолияти кории худро идома дода истодааст.

 Инчунин дорандаи Ифтихорномаҳои гуногун ва аълочии маориф ва илмӣ мебошад.

  Ӯ дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, даҳҳо мақолаҳои оммавӣ ва 13 китобу монография ва дастуроти таълимиро ба табъ расонидааст.

Мақсадов Ҳабибулло Исматович ҳоло дар мавзуъи «Саҳми Насириддини Тусӣ дар ривоҷи илмҳои табиатшиносӣ» рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.


Раҳимов Раҳим Каримович

Тел.: (+992) 93-820-92-59

e-mail: imomov_m_88@ mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Раҳимов Раҳим Каримович – муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Раҳимов Р. 06 октябри соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Рарз, деҳаи Гузари бод дар оилаи собиқ омӯзгор ба дунё омадааст.

Соли 1967 ба синфи якуми мактаби ибтидоии деҳа қабул шуда, соли 1975 мактаби ҳаштсолаи деҳаро хатм намуда, ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро соли 1979 хатм намуда ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 17, ноҳияи Айнӣ фаъолияташро шурӯъ намудааст.

Аз моҳи декабри соли 1979 то декабри соли 1981 дар  сафи қувваҳои мусалаҳи ИҶШС дар шаҳри Щёлковои вилояти Москва ва шаҳраки Горин, ноҳияи Солнечний, кишвари Хабаровск хизматро адо намудааст. Аз декабри соли 1981 то сентябри соли 1983 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, сарвари пешоҳангон дар МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст. Соли 1983  ба ДДОХ ба номи С.М. Киров ҳоло ДДОХ ба номи Бобоҷон Ғафуров факултети табии география шуъбаи география дохил шуда, донишгоҳи мазурро соли 1988 бо ихтисоси омӯзгори фанни география хатм намудааст.

Аз сентябри соли 1988 то сентябри соли 1993 Ҷонишини директор оид ба корҳои таълим дар МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ, аз сентябри соли 1993  то январи соли 2001 Омӯзгори фанни география ва роҳбари тайёрии ибтидоӣ ҳарбӣ дар МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ, аз январи соли 2001 то сентябри соли 2004 директори  мактаб дар МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ, аз сентябри соли 2004 то ноябри соли 2010 омӯзгори фанни география ва Роҳбари тайёрии ибтидоӣ ҳарбӣ дар МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ, фаъолият намудааст.

Аз соли 2010 то сентябри соли 2012 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва методист дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2011 то сентябри соли 2016 Ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ДДОТ ба номи С Айнӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳамкори беруна фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2012 то сентябри соли 2015 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи конститутсиноӣ ва Сардори шуъбаи таълим дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2015 то сентябри соли 2017, омӯзгори фанни география ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, аз сентябри соли 2017 то сентябри соли 2018 омӯзгори кафедраи фанҳо табиатшиносӣ ва Сардори хадамоти сифати таҳсилот дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2018 то 2021 ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ДДОТ ба номи С Айнӣ дар шаҳри Душанбе. Аз сентябри соли 2021 то соли 2023 муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе, аз сентябри соли 2023 то ҳоло муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ, инчунин омӯзгори фанни география дар Литсейи ДБССТ фаъолият намуда истодааст. Соли 2018 аз рӯи мавзуъи “Иқтидорҳои иқтисодии Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ” (дар мисоли ВМКБ) ба омӯзиши рисолаи илми машғул мебошад.

Дар давраи фаъолият бо нишон (медал)-и «Сохтмони роҳи Байкалу Амур» (соли 1981), нишон (медал)-и «80 – солагии Адлияи тоҷик» (соли 2014) ва Ифтихорномаи «Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон» (соли 2016) сарфароз гадидааст.


Илёсов Ҷамол Саидович

Тел.: +(992) 989-11-96-62

e-mail: imomov_m_88@ mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Илёсов Ҷамол Саидович – омӯзгори калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Илёсов Ҷ. 23-юми июли соли 1967 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, аз сентябри соли 1974 ба МТМУ № 65-и ноҳияи Рӯдакӣ рафта, онро соли 1984 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз сентябри соли 1984 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси “Математика-физика”-и факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1991 хатм намудааст. Солҳои 1992-2000 омӯзгори фанни математика дар МТМУ-и № 65 н. Рӯдакӣ, солҳои 2000-2002 омӯзгори фанни математика дар МТМУ-и № 89 н. Сино, солҳои 2016-2019 ҷонишини директор оид ба корҳои таълим ва омӯзгори фанни математика дар МТМУ-и № 65 н. Рӯдакӣ, солҳои 2019-2020 ассистенти кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, солҳои 2020-2021 муаллими калони кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва аз соли 2021 то инҷониб ба ҳайси муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодааст.

Соли 2022 курси пурраи такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ-ро аз рӯи ихтисоси экология гузаштааст.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ 1 васоити таълимӣ ва зиёда аз 48 мақола дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ, аз он ҷумла, 4 мақола дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ба нашр расонида шудааст.


Одинаев Қосимҷон Очилдиевич

Тел: (+992) 903-10-43-63

e-mail: kosim-1989@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Одинаев Қосимҷон Очилдиевич – ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2012 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда, ҳамчун мутахасиси соҳаи сайёҳӣ ба шогирдон дарс мегуяд.

Одинаев Қосимҷон дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои менеҷер дар ширкати сайёҳии “Bomi Jahon Tour” (2012-2015), ассистенти кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода (2015-2024) ва ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2024-2025) кору фаъолият намудааст.

Айни ҳол Одинаев Қосимҷон рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Захираҳои сӯзишворӣ-энергетикии ноҳияҳои тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили истифодаи амалии онҳо” шурӯъ намудааст.

Ӯ муаллифи 3 васоити таълимӣ, 2 мақолаи тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва зиёда аз 15 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самти мухталифи бахши сайёҳӣ, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ, хизматрасониҳои тарабхонавӣ, рушди сайёҳӣ дар минтақа мебошад.


Исмоилов Ҷамшед Қурбоналиевич

Тел.: +(992) 987-29-41-69

e-mail: imomov_m_88@ mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Исмоилов Ҷамшед Қурбоналиевич – омӯзгори калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Номбурда соли 2010 факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси астроном хатм намудааст. Ӯ солҳои 2010-2012 лаборанти калони кафедраи астрономияи ДМТ, солҳои 2012-2016 ассистенти кафедраи астрономияи ДМТ, солҳои 2016-2018 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедари усули таълими физикаи ДМТ, солҳои 2016-2019 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар вазифаҳои мудири шуъбаи мошинҳои электронии ҳисоббарор, муовини сардори шуъбаи таълим, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи таълим кору фаъолият намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2019 то 2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2021 то 2022 ба ҳайси ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология, аз моҳи марти соли 2022 то ҳол муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи факултети гуманитарию педагогии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодааст.

Соли 2013 курси пурраи такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бо ихтисоси низоми кредитӣ, соли 2015 бо ихтисоси равияи ҷамъиятии бахши забономӯзӣ ва соли 2021 бошад, бо ихтисоси педагогика ва психология гузаштааст.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ 2 васоити таълимӣ ва зиёда аз 47 мақола дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ, аз он ҷумла, 2 мақола дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ба нашр расонида шудааст.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2024 бо Нишони сарисинагии аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.


Зайнураи Асадулло

Тел.: +(992) 93-570-30-30

e-mail: zaynuraiasadullo91@gmail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Зайнураи Асадулло – ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Зайнураи А. 23-юми декабрии соли 1991 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда, аз сентябри соли 1998 ба МТМУ № 23-и шаҳри Кулоб рафта, онро соли 2009 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз сентябри соли 2009 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси “География”-и факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2013 бо дипломи бакалавр хатм намудааст. Солҳои 2017-2019 дар шуъбаи магистратураи донишгоҳи мазкур таҳсил намудааст.

Аз соли 2019 фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистент дар кафедраи географияи сайёҳии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб шурӯъ намуда, дар донишгоҳи мазкур то соли 2024 кору фаъолият намудааст. Аз 1-уми сентябри соли 2024 ба тариқи гузариш ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузашта, дар кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология ба ҳайси ассистент фаъолияти таълимӣ ва илмию эҷодии худро давом дода истодааст. Мутахассиси арзандаи соҳаи география мебошад.

Ӯ муаллифи 3 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 10 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи соҳаи географияи кишвар мебошад.

Зайнураи А. ҳоло дар мавзуъи «Нақши захираҳои табиӣ дар инкишоф ва ҷойгиршавии соҳаҳои кишоварзӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)» рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст.


Замонова Садолат Арчаевна

Тел.: +(992) 918-77-43-90

e-mail: sadolatzamonova@gmail.com

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Замонова Садолат Арчаевна – ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Замонова С. 15-уми  сентябри соли 1978 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шуда, аз сентябри соли 1985 ба МТМУ № 24-и ноҳияи Нуробод  рафта, онро соли 2001 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз сентябри соли 2001 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси “География”-и факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураев ба тариқи квотаи президентӣ дохил шуда, онро соли 2018 хатм намудааст.

Аз соли 2021 фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистент-коромӯз дар кафедраи кафедраи табиӣ ва риёзии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ шурӯъ намуда, дар донишгоҳи мазкур солҳои 2021-2022 кору фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2023 ба тариқи гузариш ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузашта, дар кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология ба ҳайси ассистент фаъолияти таълимӣ ва илмию эҷодии худро давом дода истодааст.

Ӯ муаллифи 10 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи соҳаи географияи кишвар мебошад.

Замонова С. зери роҳбарии н.и.г., дотсент Қаландаров А.А. дар мавзуъи «Хусусиятҳои иқтисодӣ-географии рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ» рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст.


Юнусов Абдуалӣ Саидалиевич

Тел: (+992) 988-99-99-48

e-mail: ali.1997yunus@gmail.com

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Юнусов Абуалӣ Саидалиевич – ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2024 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда ҳамчун мутахасиси соҳаи экология ба шогирдон дарс гуфтааст.

Айни ҳол Юнусов Абуалӣ Саидалиевич рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Механизми баҳодиҳии кимиёвии дарёи Варзоб ва таъсири он ба муҳити иқтисодӣ-экологии кишвар” зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, дотсент Гулаҳмадов Алишер шурӯъ намудааст.

Ӯ муаллифи 2 мақолаи тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва зиёда аз 8 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самти мухталифи бахши иқтисодӣ-экологӣ, маърифати экологӣ, дар мавзӯҳҳои экологӣ-гидрологӣ мебошад.


Алиев Довуд Шоназарович

Тел.: +(992) 887814545

e-mail: dovud512@gmail.com

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Алиев Довуд Шоназарович – ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Алиев Д. 06.11.1994 дар шаҳри Норак таваллуд шуда, аз 1-уми сентябри соли 2001 ба МТМУ №12-и деҳаи Дӯстии шаҳри Норак рафта, онро соли 2012 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз 1-уми сентябри соли 2013 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси “Ҳифзи муҳандисии муҳити зист”-и факултети технологияҳои информатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дохил шуда, онро соли 2017 хатм намудааст.

Аз 1-уми сентябри соли 2017 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси “Стандартизация ва Метрология”-и факултети Мегафакультет биотехнологий и низкотемпературных систем Санкт-Петербургский национальный исследовательский университет ИТМО  дохил шуда, онро соли 2019 хатм намудааст.

Фаъолияти таълимӣ ва илми таҳқиқотии худро аз 08-уми  феврали соли 2021 шурӯъ намуда, сараввал дар вазифаи танзимгари ҷадвали дарсии раёсати таълими Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан, аз 1-уми сентябри соли 2022 ба тариқи гузариш ба вазифаи eдвайзери факутети технологияҳои рақамӣ ва менеҷменти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст ва 1-уми сентябри соли 2024 ба тариқи гузариш дар кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология ба ҳайси ассистент фаъолияти таълимӣ ва илмию эҷодии худро давом дода истодааст.

Ӯ муаллифи 4 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи соҳаи географию экологии кишвар мебошад.

Алиев Д.Ш. дар мавзуъи «Экономический анализ и обоснование целесообразности реализации различных проектов по защите окружающей среды и экологоческой безопасности в Республике Таджикистан» рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст.