АНҶУМАНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

09 марти соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Ҳама ҷо анҷумани наврӯз аст…”, бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ-2024” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳ, меҳмонон аз як қатор сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олӣ, устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён ва хонандагони Литсей иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор чорабинии фарҳангиро оғоз бахшида, ҳамагонро ба Наврӯзи оламафрӯз, ки аз омад-омади баҳори гулфишон мужда медиҳад табрику таҳният намуд.

Аз ҷумла, ректори Донишгоҳ зимни сухани табрикотии хеш иброз дошт, ки Наврӯз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хоса дорад. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард.

Бо ифтихор ректори Донишгоҳ қайд намуд, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз аҳамияти умумибашарии ин ойини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯсти кишвар аст.

Дар меҳвари сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашни Наврӯз – ҳамчун мероси бузурги таърихии тоҷикон мақоми калидӣ дорад. Зеро, ки дар шинохт ва эътирофи Пешвои муаззами миллат Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки ҳамчун як оини ҳувиятсозу мафкурасоз ва василаи асосии расидан ба худогоҳии миллӣ дониста мешавад.

Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханрониашон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 21 марти соли 2022 зикр намуда буданд, ки: «Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд… Расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллии ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар ҳақиқат, яке аз ҷашнвораҳои бунёдии бани башар, ки аз баробарии шабу рӯзи оғози баҳор ибтидо гирифтааст, ин ҷашни Наврӯз аст.

Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар Ватани азизи мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегардад.

Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Тасдиқи гуфтаҳои боло баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» санаи 12 марти соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Наврӯз – эҳёи ҳаёти ҷисмиву маънавӣ, меҳру муҳаббат ба пайвандону атрофиён, назари нек ба оянда, рафъи ҳама кудурратҳо, бунёди сулҳу рафоҳият, осоишу кӯшоиш ва дигар ниятҳои неки зиндагӣ арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи суханронии худ ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор иброз дошт, ки рамзҳои Наврӯз – покии зоҳиру ботин, сурату сирати инсон, покизагии манзилу таъмири вайронаҳо, озодагӣ, иродат, ободӣ, парастиши хуршед ҳамчун манбаи нуру сафо, парвариши гандум ва нахустин маҳсули он – суманак – рамзи сериву пурӣ ва нишоти зиндагии моддӣ мебошад. Ойинҳо ва расму русуми наврӯзӣ ҳар яке ифодагари ин ё он рӯҳия ва ҳадафҳои инсонист.

Бо фармоиши ректори Донишгоҳ бахшида ба ин оини миллӣ байни факултетҳо ва литсей озмуни “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ” эълон шуда буд, ки дар сатҳи ниҳоят баланд ташкил ва баргузор гардид.

Барои баҳогузории одилона ба заҳмати устодону донишҷӯён ва хонандагон дар раванди ташкили “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ”, Комиссияи озмунӣ бо дархости роҳбарият аз ҳисоби мутахассисони соҳа аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ноҳияи Фирдавсӣ таъсис дода шуд.

Тибқи Низомномаи озмун, дар баробари оростани дастурхони наврӯзӣ ва намоиши либосу ашёҳои миллӣ, инчунин аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон, рақс, суруд, саҳнача ва байтбарак ташкил карда шуд, ки тибқи барнома ба навбат ҳар як сабқаткунанда баромад намуданд.

Ҳамзамон, мусобиқаҳои варзишӣ ва пухтани таомҳои миллӣ дар наврӯзгоҳи Донишгоҳ сатҳи баргузории чорабиниро боз ҳам баланд гардонид.

Бахши фарҳанги Донишгоҳ бо суруду таронаҳои ҷаззоби худ, дар “Анҷумани наврӯзи донишгоҳ” табъи ҳозиринро хушу болида гардонид.

ДБССТ, 09.03.2024

Comments are closed.