НАВРӮЗ ВА САЙРИ ТАЪРИХИ ОН

“Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузугтарин ҷашни милли тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд”. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Истиқлолияти давлатӣ гардиши бузурги таърихи дар ҳаёти тоҷикистониён буда, ба таври муваффақона ноил шудан ба он яке аз ҳадафҳо ва музаффариятҳои миллии тоҷикон дар охири асри XX ба ҳисоб меравад. Зеро ки имрӯз бо шарофати Истиклолияти давлатӣ мо ба арзишҳо ва асолати милии худ рӯ оварда, барои њифз, рушд ва эҳёи фарҳангу таърихи ғании худ ва анъанаҳои мардумӣ кӯшиш ба харҷ дода, айни ҳол тамоюли эҳё, ҳифз ва пешрафти давлатдории миллиамонро дида истодаем.

Истиқлолият дар шуури мардуми тоҷик табадуллоти куллиро ба вуҷуд оварда, мафкураи миллиро ташаккул дод. Он имкон дод, ки шуури умумимиллӣ ташаккул, ваҳдати миллӣ таҳким ва худшиносии миллии мо аз ҳарвақта дида бештар ривоҷу равнақ ёбад. Маълум аст, ки дар чунин марҳила дастовардҳои нав ба нави давлат дар самтҳои гуногун хеле муҳим ва тақдирсоз хоанд буд. Дар қатори ҷашнҳои миллию давлатӣ ва мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.

Наврӯз, соли нав, қадимтарин ҷашни тоҷикон аст, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин ё 20-21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир аём» меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қавқоз таҷлил мешавад. Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши Наврӯзро бо фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» оварда аст, ки “Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврӯз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гӯшаву канори Эронзамин ба сӯйи ин тахтгоҳ бо ҳадяҳои наврӯзӣ равонанд. Намояндагони мардумони гуногун ба шоҳаншоҳ дар баробари неъматҳои дастпарвардаи худ армуғонҳои гаронбаҳо – зару сим ва дурру гавҳар оварда, ба пои ӯ нисор мекарданд. Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асогузори Наврӯз номидаанд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумоти муфаса додаанд.

Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврӯз чунин гуфтааст: «Бархе аз уламои эронӣ мегӯянд, ки сабаби ин рӯзро Наврӯз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (бутҳо) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ваин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврӯз бузург ва муаззам буд». Аз гуфтаи Берунӣ чунин бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардуми эронӣ чунин анъана будааст, ки одамон барои якдигар ҳадя мефиристодаанд. Берунӣ аз Озарбади Мубади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшакарро дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз кашф кардаанд. Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гӯё, рӯзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мебинад ва онро ба даст гирифта, обашро чашида дидааст, ки ширин мебошад. Амр кардааст, ки оби онро берун оваранд ва аз он шакар истеҳсол намоянд. Ва он гоҳ дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврӯз ба якдигар ҳадя мефиристоданд.

Дар аҳди Сомониён ба инкишофи суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврӯз, Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал дар рӯзи 1 – уми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд ва аз ин рӯ «Наврӯзи кишоварзон» ва «Наврӯзи муғон» меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул Наврӯзро заҳматкашон бо тантана ҷашн мегирифтанд. Мардум ба шарафи Наврӯз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рӯйи хони наврӯзӣ мегузоштанд ва омади кишти зироатро аз рӯйи ҳолати сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд.

Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ ва қисмҳои вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ хирпичор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯйи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Қаротегину Дарвоз, Ванҷу Язгулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сух) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва ҳатто дар Покистон ҳам истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо бо номҳои «ҳисоби мард», «офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ номбар мекунанд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад. Масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра.

Мардумони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Шаҳрисабз ва сокинони водиҳои Ҳисору Зарафшону Фарғона бо дидани лаклак бар он бовар буданд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст, чунки лаклак қосиди баҳору Наврӯз буда, одамони аз сармои зимистон дилтанггардида баробари дидани ин парандаи зебо шоду масрур мешуданд, ки фасли баҳор расидааст.

Ҷашни Наврӯз рамзҳои хоси худро дорад. Дар ҷашни Наврӯз ва ойинҳову суннатҳои марбути он ранги сафед аҳамияти бештар доштааст. Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покию беолоишӣ, сулҳу осоиш, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хонаба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҷлили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар рӯйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан мурғ ва моҳиро рӯйи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳамҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Кешу Фарғона, Қаротегину Дарвоз, Зарафшону Бадахшону Хатлон ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд доштанд, дилхушиҳои гуногун, бозӣ ва сайрҳои халқӣ баргузор мешуданд. Тоҷикони Осиёи Марказӣ ин ҷашни аҷдодиро аз қадим бо сунатҳои волояш ҷашн мегиранд. Дар байни мардуми тоҷик оид ба Наврӯз нақлу ривоят, рубоию дубайтӣ, суруду тарона, ғазалу мухаммас ва навъҳои дигари шеър эҷод шудаанд. Мардуми заҳматкаш бо таҷлили Наврӯз сулҳу салоҳ, беҳбуд, оромишу осоиш ва хушнудиро орзу мекарданд.

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), инчунин бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, чиликадозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешуданд. Маъмултарини мусобиқаҳои наврӯз гӯштингирӣ ва бузкашӣ буданд. Дар баъзе минтақаҳо мусобиқаи пиёдакашак низ доир мешуд. Ҷавонмардони пурқувват ба ду даста тақсим шуда талош мекарданд, ки пораи матои 2-3 метраро ба даст оваранд. Навъи дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ сараспа буд, ки тирандозон аз болои аспи давон нишони ҳаракаткунандаро (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) ба нишон мегирифтанд. Дар водии Хуф найзапартоӣ маъмул буд, ки аз болои аспи давон тухмро дар замин бо найза мезаданд. Инчунин дар ҷашни Наврӯз арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар бозиҳо иҷро мешуданд. Мувофиқи маълумоти дар “Ёддоштҳо” – и худ додаи Садриддин Айнӣ “дар замонҳои пеш деҳқонони тоҷик пеш аз соли нав – пеш аз моҳи ҳамал – дар ҳар деҳа дар майдонҳо ҷамъ шуда гуштингирӣ ва дигар ҳаракатҳои баданӣ карда, гӯё ба тани аз сармои зимистон афсурдашудаашонро қуввати нав медоданд”

Дар бисёр маҳалҳо пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму ойинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, чоршанбеи сурӣ ё чоршанбеи охирон, ҳинобандон, бахткушоён ва ғайраро ба мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо рӯзи чоршанбеи охири солро «чоршанбеи сурӣ», яъне ҷашну хушнудии рӯзи чоршанбе номида, онро дар арафаи ҷашни Наврӯз барпо менамуданд. Сардори оила субҳ пеш аз баромадани Офтоб ба даст кӯза ё зарфи об ба лаби чашма ё рӯд мерафт. Баъди шустушӯй зарфҳоро пури об мекарданд. Аз болои об се борҷаҳида «Ҳар чӣ дарду бало дорам, об, бибар» мегуфтанд. Оби тозаро оварда ба остонаи дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалҳои рамзомезро иҷро менамуданд. Ҳангоми таҷлили Соли нав дар байни мардуми мо оростани суфраи «Ҳафтсин» маъмул, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон «син» дохил мешуданд. Ин ашё себ, сир, сирко, сабзӣ, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маъниҳо доштаанд. Баъзеҳо ба тақлиди «Ҳафтсин» суфраи «Ҳафтшин»-ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд (асал), шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буданд. Тоҷикон суфраи «Ҳафтмева»-ро меоростанд, ки аз ҳафт навъи меваҳои маҳаллӣ иборат буд. Занҳо дар арафаи Наврӯз маслиҳат карда, дартабақҳо гандум месабзонданд ва дар рӯзи муайян аз он дастаҷамъӣ дар деги калоне суманак мепухтанд.

Дар адабиёти хаттии форс-тоҷик ва эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик дар васфи Наврӯз шеъру таронаҳои бисёре эҷод гардидаанд, ки дар онҳо арҷгузории арзишҳои фарҳанги миллӣ, зебоиҳои баҳор, васфи манзараҳои дилфиреби диёр, ишқу ошиқӣ, инсондӯстию рафоқат, адлу инсоф ва дигар ғояҳои умумибашарӣ аксандоз шудаанд. Машҳуртарин таронаҳову оҳангҳои наврӯзӣ, ки дар аҳди хонадони Сосониён суруда мешуданд, инҳо буданд: «Фаҳлабодӣ», «Сабзаи баҳор», «Офарин», «Хусравонӣ», «Мардистонӣ», «Сабз андар сабз», «Нӯшинлабон», «Боғи ширин», «Наврӯз», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Кабки дарӣ» ва ғайра. Дар чунин суруду таронаҳо шуҷоату мардонагии ҷаҳонпаҳлавонон васф гардида, ишқу муҳаббат ва дилбастагии мардум бар зодгоҳу диёр, табиати зебоманзари кишвар ифода ёфтаанд. Таронаҳои ба Наврӯз бахшидаи тоҷикон, асосан, мазмун ва мундариҷаи тавсифӣ дошта, бештар табиати диёри зебоманзарро васф ва зиндагии беғашу беолоишу ширинро тараннум кардаанд.

Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон барои таҷлили Наврӯз дар сатҳи баланд, фарогирии миқдори зиёди тамошогарон дар тантанаҳои наврӯзӣ «Наврӯзгоҳи пойтахт» сохта шуд. Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ – гӯштин, бузкашӣ, асппойга ва ғайра баргузор мегарданд.

Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувийяти миллию фарҳангие мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.

Ҳабибов С.И. – омӯзгори кафедраи ҷомашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Comments are closed.