Эшонов Мирзоҳабиб Маҷнунович

Тел: (+992) 881002228  

Е-mail:

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Эшонов Мирзоҳабиб Маҷнунович  – роҳбари бахши фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докторанти иниститути таърихи навтарини АМИТ (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, ассистенти кафедраи забон ва фарҳанг.

  Аз соли 2023 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фаъолият намуда, кори илмии худро дар самти “Рушди итиффоқҳои эҷодии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии профессор Аскарали Раҷабов пеш бурда истодааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Эшонов Мирзоҳабиб Маҷнунович  масъалаҳои мубрами таърихи фарҳанг ва итифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии итифоқҳои эҷодӣ, маърифати фарҳангии онҳо ва ошкор намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самтро  дар бар мегирад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 13 корҳои илмӣ, аз ҷумла: 2 мақолаи тақризшаванда (КОА), 7 мақолаҳои байналмилалӣ, 4 мақолаи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарӣ ба мақолаҳои илмии донишҷӯён ба чоп расидааст.

Дар донишгоҳ Эшонов Мирзоҳабиб роҳбарии самти фарҳангиро ба уҳда дорад. Вазифаҳои ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои фарҳангӣ, банақшагирӣ ва баргузорнамоии барномаҳои фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии дастаҳои ҳаваскорони институтҳои таълимӣ ва факултетҳо бо дастаи ҳаваскорони умумидонишгоҳӣ ва ансамбли донишгоҳ нигаронида шудаанд.

Эшонов Мирзоҳабиб барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ба сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.