1 майи соли 2024 ташрифи роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке Уҳлиг ва Атташе оид ба масъалаҳои фарҳангии Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Левакант) сурат гирифт.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. ва директори филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон Баротзода Ш.М. пешвоз гирифта, нахуст бо пойгоҳи моддию техникӣ ва марказҳои навтаъсиси филиали муассиса ошно намуданд.
Ба меҳмонон оид ба фаъолияти маркази таҳқиқотии “иқтисоди сабз”, маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ, маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, лабораторияи сервиси тарабхонавӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, бонки таълимӣ, лабораторияи зеҳни сунъӣ ва амсоли инҳо иттилоъ дода шуд.
Сипас, бо меҳмонон мулоқоти судманд анҷом дода шуда, масоили мубрами ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо, аз ҷумла марбут ба ташкили курсҳои омӯзиши забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар идомаи ташриф, меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои муаззами миллат воқеъ дар Литсейи касбии саноати кимиёи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дидан намуданд.
Дар интиҳо, ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.