ТАШРИФИ РОҲБАРИ МИНТАҚАИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗИИ ИНСТИТУТИ ГЁТЕ БА ДОНИШГОҲ

      30 апрели соли 2024 ташрифи роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке Уҳлиг бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сурат гирифт.
   Меҳмононро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор пешвоз гирифта, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо, аз ҷумла марбут ба ташкили курсҳои омӯзиши забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
    Лозим ба ёдоварист, ки 5 марти соли 2024 ташрифи ректори Донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода ба дафтари Институти Гёте дар шаҳри Олмон сурат гирифта буд, ки зимни он аз доктор Ҳайке Улинг ҷиҳати боздид аз ДБССТ, инчунин баррасии минбаъдаи масоили ҳамкорӣ даъват ба амал оварда шуда буд. Даъвати мазкур бо хушнудӣ пазируфта шуда, инак ташрифи ҷавобии меҳмонон ба Донишгоҳ сурат гирифт.
     Меҳмонон аз пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон марказҳои забономӯзӣ, маркази рушди стратегӣ ва маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар Донишгоҳ дидан намуданд.
   Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А. меҳмононро ҳамроҳӣ намуда, оид ба фаъолияти марказҳои забономӯзӣ ва пойгоҳи муосири лаборатории Донишгоҳ маълумот дод.
     Сипас, дар маркази рушди стратегии муассиса муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Шаропов Ф.Р. оид ба самтҳои стратегии рушд ва низоми менеҷменти сифати Донишгоҳ, ки дар заминаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст, маълумот дод.
     Дар маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. оид ба самтҳои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои грантӣ, инчунин ҳамкорӣ бо фондҳо ва ташкилотҳои маблағгузор иттилоъ дод.
    Дар интиҳои вохӯрӣ, самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо, аз ҷумла дар самти ташкили марказҳои омӯзиши забони олмонӣ муайян карда шуданд.
      Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *