Намояндагони Донишгоҳи технологияҳои кимиёвии Чехия ва Донишгоҳи илмҳои табии Чехия дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дотсент Ҷаборов Фатҳулло Амриевич ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи намояндагони муассисаҳои таълимии болозикр ва ҳамкориҳои пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Чехия изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар раванди мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаи таълимии болозикр дар самти ташкили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак, аз ҷумла дар доираи Erasmus + мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо роҳандозӣ гардида, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ роҳандозӣ гарданд.
Ҳамзамон, намояндагони ташкилоти болозикр бо дарназардошти дар сохтории ташкилии идоракунии донишгоҳ ҷой доштани институтҳои илмию тадқиқотӣ, оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳқиқоти илмӣ низ омодагии хешро иброз намуданд.
Меҳмонон бо раванди таълим дар гурӯҳҳои таҳсилаш бо забони англисии донишгоҳ ошно гардида, ба сатҳу сифати омодасозии мутахассисон ва пойгоҳи мавҷуда дар ин самт баҳои баланд доданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ҷонибҳо ба ҳам тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.