02 октябри соли равон дар Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон” чамъомади тантанавӣ бо ибтикори факултети гуманитарию педагогӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони роҳбарияти Донишгоҳ, директори нашриёти Ирфон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдувалӣ, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Пас, аз садо додани суруди миллӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад аз номи раёсати Донишгоҳ кулли ҳозиринро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният намуд.
Дар идома директори нашриёти Ирфон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдувалӣ, декани факултети гуманитарию педагогӣ дотсент Қодирова Бунафш, мудири кафедраи фарҳанг ва забон дотсент Назаров Холназар ва донишҷӯи курси 3-юми Институти сайёҳӣ Ҳоҷиев Сайумрон бо маърӯза баромад намуданд.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ бахши фарҳанги Донишгоҳ табъи ҳозиринро болида гардонид.
Чорабиниҳои вобаста ба “Ҳафтаи омӯзгор” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома доранд.