28 сентябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Гурҷистон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар шаҳри Батуми бо ректори Донишгоҳи давлатии Батуми ба номи Шоста Руставели профессор Мераб Халваши мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳи мазкур дар самти ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҷонибҳо барои тадрис, амалисозии таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳои илмии муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои Эрасмус+, ташкили таҷрибаомӯзии хатмкунандагони риштаи сайёҳӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо созишномаи ҳусни тафоҳум ва шартномаи ҳамкориро ба имзо расонида, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар баробари ин, тибқи гуфтушуниди ҷонибҳо рӯзҳои назди мувофиқасозии нақшаҳои таълимӣ сурат гирифта, дар марҳилаи аввал табодули академии донишҷӯён, даъвати профессорони ҷонибҳо шуруъ мегардад.
Ҳамзамон, ректори Донишгоҳи давлатии Батуми ба номи Шота Руставели омодагии хеш ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи Институтҳои илмию тадқиқотии “Иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”- и донишгоҳ иброз намуд.
Дар интиҳои мулоқот ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ректорони донишгоҳҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
ш. Батуми 28.09.2024
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ










buy ed medication online: Boldrix – erection pills online
online pharmacies: Belvion – worldwide pharmacy online
http://belvionpharmacy.com/# reputable online pharmacy no prescription
prednisone in canada: Axeryl – price of prednisone tablets
can you buy prednisone Axeryl prednisone 500 mg tablet
safe online pharmacies: Belvion – online drugs order
best rx pharmacy online: Belvion Pharmacy – legal online pharmacy
http://axeryl.com/# prednisone 3 tablets daily
medicine online: Belvion – no prescription needed pharmacy
cheap ed medication Boldrix ed meds cheap