ДУРНАМОИ СОЗАНДА

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастуре ба ҳисоб меравад, ки самтҳои калидӣ ва афзалиятноки бунёдии рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳамкории байналмилалиро муайян менамояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин ақида ва мавқеи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба равандҳо ва масоили фарогири дохиливу хориҷӣ инъикос гардида, роҳҳои асосии ноил гардидан ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум пешниҳод карда шудаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ падидаи муҳим сиёсӣ буда, дар он на танҳо аз дастовардҳои соли сипаришуда натиҷагирӣ, балки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар давраи миёна ва дарозмуҳлат муайян карда мешавад.
Таҳлил ва мазмуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳад, ки дар он таваҷҷуҳ ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таҳкими пояҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шуда, минбаъд марҳила ба марҳила муайянкунии ҳадафҳои рушди миллӣ, тавсеаи ифрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт ва обу энергетика, рушди соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, гузариш аз модели аграрию саноатӣ ва саноатию аграрии иқтисодиёт, асосҳои гузариш ба иқтисодиёти ба дониш ва инноватсия асосёфта, баланд бардоштани музди меҳнат ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, дастгирии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва бахши молиявии мамлакат масъалаҳои меҳварии Паём имсола ба ҳисоб мераванд.
Бо назардошти ислоҳоти амалишуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин ба вусъат додани равандҳои рақамикунонӣ, ташаккули иқтисоди «сабз» баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ишора карда шуд.
Вусъати равандҳои рақамикунонӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ва афзалиятдор эътироф гардида, ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки ба масоили такмили қонунгузории соҳа, рушди инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодакунии мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберӣ ва тавсеаи муносибатҳо дар самти соҳибкории рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Бо назардошти нақш ва мақоми технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Ин пешниҳод бобати танзими шароити мусоид барои рушди саноати миллӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва гуногуннавъии он ва коҳиши содироти ашёи хом дорои аҳамияти муҳим мебошанд.
Масъалаи хеле муҳимтарине, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ин вазъи соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Президент вазъи соҳаро таҳлил намуда, нишондодҳо ва рушди онро бо рақамҳо ва далелҳои мушаххас баён намуданд ва таъкидашон бар он буд, ки танҳо низоми пешрафтаи маориф метавонад рушди тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намояд. Донистани техникаю технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини сифати таҳсил, баланд бардоштани сатҳи дониш дар тамоми зинаҳои таҳсил аз таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар ин маврид буданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд» ва илова намуданд, ки «аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Роҳбари давлат аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Имрӯз вазифаи минбаъдаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ- шуруъ аз аъзои Ҳукумати мамлакат то дигарон он аст, ки агар мо Тоҷикистони пешрафта, рақобатпазир, дар арсаи байналмилалӣ шуҳратёфта, зиндагии тинҷу осоишта ва ояндаи дурахшони давлату миллат, алалхусус насли наврас ва фарзандони худро мехоҳем, бояд ҳамин дастуру ҳидоят ва раҳнамоию насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллатро содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоем.
Ҳабибулло Мақсадов, н.и.т., дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ.
Замонова Садолат, ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ.
Абуалӣ Юнусов, ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *