(дар ҳошияи Рӯзи Модар)
Мадҳу сано бод ба Зан – Модар, ки офарандаи инсон аст.
Дар тасвири ситоишу мадҳи ту қалами шоирону рассомон, олимону донишмандони рӯйи олам оҷизӣ мекашанд. Зеро, баъд аз Худованд дар рӯйи замин офарандаи башарӣ ин Модар аст.
Амвоҷи қалби бузурги пурмеҳрат дарёро мемонад – Модар. Ин аст, ки шинохту қадру манзалти Модар барои ҳар як фарзанд қарз ва рисолати виҷдонӣ буда, дар сурати онро иҷро накардан ин нарасидан ба заҳмату ранҷ, бедорхобию талошҳои бесобиқаи модарон аст.
Ғамхорӣ зоҳир намудан дар ҳаққи занону модарони кишвар дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди назар қарор дорад.
Чуноне, ки Сарвари давлат баён кардаанд: “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”.
Барои ҳар як инсони хирадманд зан-модар азиз асту аз самими қалб онро дӯст медораду ҳамеша эҳтиромашро ба ҷо меорад. Дар рӯи олам нафаре нест, ки модари худро дӯст надоштааст. Дар ҳақиқат модарон ҳамагуна арзандаи эҳтирому дӯстдорианд, зеро азизтарину меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи дунёанду фарзандро дар ҳама ҳолат ғамхор.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зан-модарро дар ҷомеа чунин баён намудааст: “Ҷомеае , ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашма ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
Яздони пок ба зан модар қудрате ато намудаст, ки офарандаи зиндагӣ, яъне ҳаёт ва чароғи хонадон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҳар як Паёмаш иброз менамояд, ки “Мо бояд як нуқтаи муҳимро дар ёд дошта бошем, ки зан- модар мавҷуди муқаддаси ҳаёт мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам аз он ҷумла Паёмбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шуданд. Мо, ҳамчунин ба нақши зан- модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Дар асл, Паёмбари ислом биҳишти ҷовидонро зери қудуми модарон гузошта , меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд ҳаммаром донистааст.
Шоири ширинкалом ин ҳадиси Паёмбарро ба назм кашида мегӯяд:
Дар ҳақиқат модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯй оламанду фарзандро дар ҳама ҳолат дастигиранду дилсӯзу ғамхор.Чунончӣ “Ҳар қадар, ки дунё бо меҳри тамоми мавҷудоташ гаронӣ кунад ҳам, ба меҳри модар ҳаргиз баробар нахоҳад шуд”.
Яздони пок ба зан зебоӣ, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ, сабру таҳаммуловариро эҳдо кардааст. Дар баробари ин, дар қалби поки ӯ ҷаҳонро ҷой додааст.
Ба андешаи Пешвои миллат: “Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад”. Мадҳу ситоиши зан-модарро агар ба тасвир гирем ҳеҷ кас наметавонад бузургию меҳрубонӣ, ғамхорию дилсӯзӣ, шавқату ҳастии модаронро ба охир расонад, зеро бузургию ҳастии модар поён надорад.
Дар охир ин Иди фархундаву накуфолро ба ҳар як зан-модар табрику муборакбод намуда, барояшон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, бурдборӣ, сабру таҳаммулро хоҳонам. Бигузор ҳамеша дар лабонашон шодиву сурур, дар қалби покашон муҳаббат, дар хонадонашон тинҷиву осудагӣ ҳукмфармо бошад.
Сано бодо ба зан-модар, ки тавлидкунандаи ҳаёти инсон аст.
Асадулоева Замира – омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон