РОҲАНДОЗИИ ҲАМКОРИҲО БО ШАБАКАҲОИ МЕҲМОНХОНАҲО ВА ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ДАР ДОИРАИ ITB-BERLIN 2024

Дар доираи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайеҳии ITB -Berlin 2024, ки дар шаҳри Берлин доир гардида истодааст, вохӯрӣ ва мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор бо роҳбарон ва намояндагони шабакаҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии Испания, Олмон, Миср, Қатар, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигар сурат гирифт.

Зимни вохӯриҳо ва мулоқоти доиршуда масоили ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии бонуфузи байналмилалӣ ва минбаъд бо кор таъмин шудани онҳо ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳ муҳокима ва баррасӣ гардиданд.

Пешниҳодоти раёсати Донишгоҳ вобаста ба самтҳои болозикр бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозӣ ва тақвияти робитаҳои минбаъда дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ омодагии худро иброз намуданд.

Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ

Comments are closed.