Институти илмӣ-таҳқиқотии “Иқтисоди сабз”-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон менамояд:

Институти илмӣ-таҳқиқотии “Иқтисоди сабз”-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон менамояд:
1. Шуъбаи таҳқиқоти рушди устувор ва инноватсияҳои соҳавӣ:
— мудири шуъба – 1 ҷой.
— ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
2. Шуъбаи таҳқиқоти энергияи сабз
— мудири шуъба – 1 ҷой.
— ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
3. Шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ
— мудири шуъба – 1 ҷой.
— ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
4. Шуъбаи таҳқиқоти бозорҳои ҷаҳонӣ ва сармоягузориҳои сабз
— мудири шуъба – 1 ҷой.
— ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
5. Шуъбаи рушди таҳсилот ва маърифати экологӣ
— мудири шуъба – 1 ҷой.
— ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири шуъба:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ ва ҳуқуқӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
— доштани дараҷа ва унвони илмӣ;
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— на кам аз 5 сол доштани собиқаи кории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
— донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ ва ҳуқуқӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
— доштани дараҷа ва унвони илмӣ;
— на кам аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
— донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 48/5,
Телефон: 985-77-79-00
Суроғаи электронӣ: greeneconomy@iutet.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабарҳо
Бештар