Синий Дизайн Списка

Кафедраҳо

  • Сайёҳӣ ва бизнеси меҳмондорӣ
  • Хизматрасониҳои тиббӣ-осоишгоҳӣ
  • Таърих ва фалсафа
  • Варзиш ва мудофиаи гражданӣ
    • Кормандон

ИНСТИТУТИ САЙЁҲӢ

Директор: Қодирзода Фазлиддин Садриддин  –  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Барои тамос: Суроға: 734055, Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 5, утоқи 108.
Тел.: 2348824
e-mail:
edelvis-07@mail.ru

Cуроғаи электронии факултет:is_iutet@ mail.ru

 

Маълумот дар бораи институт

Институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №199 “Дар бораи Оинномаи Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Дар институт мутахассисони баландихтисоси зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

 Бакалавриат:

  1. 1 – 260202.10-Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ;
  2. 1 – 250107.17-Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ;
  3. 1 – 890101.00-Саёҳат ва меҳмондорӣ;
  4. 1 – 890101.02-Фаъолияти меҳмонхонавӣ;
  5. 1 – 250107.18-Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмондорӣ ва тарабхона;
  6. 1– 910101.02-Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умум;
  7. 1– 22-Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхона;
  8. 1– 25 01 07 32-Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо;
  9. 1– 910201 01-Сервиси тарабхона ва меҳмонхона;
  10. 1– 890101-04-Сайёҳии экологӣ;
  11. 1– 790103-01-Тибби сайёҳӣ;
  12. 1– -890201-7901-Сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ

Магистратура:

  1. 1–260202.10-Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ;
  2. 1–250107.17 -Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ;

Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)

  1. 6 – D090200 -Туризм 

Институти сайёҳӣ дар тамоми давраи фаъолияти худ стратегияи амиқи тайёр намудани  мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ-сайёҳии байналмилалӣ, идоракунӣ дар бахши сайёҳӣ, ташкил ва пешбурди фаъолият дар самти бизнеси меҳмонхона ва тарабхона, сайёҳии экологиро роҳандозӣ намуда, тадбирҳои амалӣ ва ҳадафмандонаро дар ин самт муташаккилона идома дода истодааст.

Айни ҳол, институт дорои чор кафедра – ду кафедраи  тахассусӣ ва ду кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад. Роҳбарии кафедраҳои факултетро олимони варзидаи соҳаҳои сайёҳӣ, тиб, варзиш, ҷомеашиносӣ аз қабили номзадҳои илм, дотсентон, докторони илм, профессорон бар дӯш доранд.

Кафедраҳои институт:

  • Сайёҳӣ ва бизнеси меҳмондорӣ;
  • Хизматрасониҳои тиббӣ-осоишгоҳӣ;  
  • Таърих ва фалсафа;
  • Варзиш ва мудофиаи гражданӣ.

Дар кафедраҳои институт 56 нафар олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ, докторону номзадҳои илм, дотсентон ва як зумра собиқадорону коршиносони соҳаҳои  иқтисодиёт, сайёҳӣ, тиб, ҷомеашиносӣ ва варзиш кору фаъолият доранд.

Мақоми олии идоракунии институт Шурои олимони донишгоҳ,  Шӯрои олимони институт ва садорати он мебошанд. Шӯрои олимони институт аз 13 нафар олимон иборат буда ҳамзамон раиси Шӯрои бонувон ва раиси  Созмони ҷавонони институт ба он аъзо мебошанд.  

Пешбурди корҳои таълиму тарбия, таълимӣ-методӣ, илмию тадқиқотӣ, лоиҳасозӣ, роҳандозии равобити хориҷӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти садорати институт маҳсуб меёбад. Дар сохтори идораи институт ба ин бахшҳо муовинони директор оид ба корҳои таълим,  тарбия, илм ва робитаҳои хориҷӣ масъул мебошанд.

Ҳайати роҳбарият

  1. Қодирзода Фазлиддин Садриддин -директор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент;
  2. Бобозода Сафаралӣ Одина-муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои техникӣ;
  3. Мустафозода Нафиса-муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ;
  4. Зувайдуллоев Салоҳиддин Азизуллоевич- муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ.

Фаъолияти таълимии институт

Раванди таълим дар Институти сайёҳӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар раванди таълим донишҷӯён аз  технологияҳои муосиртарини иттилоотӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳази комптютерӣ, лабораторияҳои таълимӣ-таҷрибавӣ, утоқҳои методии фаннӣ, синфхонаи лигофонӣ (забономӯзӣ), утоқҳои таълимӣ-омузишии сайёҳӣ, синфхонаи сервиси тарабхона, меҳмонхонаи таълимӣ, лабораторияҳои таълимии тиббӣ, озмоишгоҳҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ васеъ истифода намуда, малакаю дониши худро такмил медиҳанд. Раванди таълим бо дарназардошти талаботи муосири бозори меҳнат нисбат ба сифатҳои тахассусии кормандони соҳаҳои иқтисодиёт, сайёҳӣ ва тиб  ба роҳ монда шудааст. Хайати илмӣ-омӯзгории факултет пайваста аз дастовардҳои муосиртарини раванди таълим бархӯрдор гардида, кӯшиш менамоянд, то ки муҳассилин аз донишу малакаҳои пешрафтаи сохавӣ баҳравар гарданд.

Фаъолияти илмию тадқиқотии институт

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар қатори корҳои таълимӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти хайати илмӣ-омӯзгории институт ба шумор меравад. Ҳайати илмию омӯзгории институт  кӯшиш менамоянд, то ки натиҷаи корҳои илмӣ – методӣ ва илмӣ- тадқиқотии худро дар раванди таълим васеъ истифода намоянд.  Мавзӯи ягонаи  илмӣ-тадқиқотии институт «Раҳёфти консептуалии фаъолиятҳои  тарбияти кадрҳои тахассусӣ бо дарназардошти  фаровардаҳои сайёҳӣ  ва хусусиятҳои  сайёҳӣ дар Тоҷикистон” буда, тадқиқотҳои илмии устодон таҳти мавзӯи мазкур ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба мавзӯи ягона кафедраҳои зертобеи факултет   таҳти зермавзӯъҳои алоҳидаи тадқиқотӣ корҳои илми анҷом медиҳанд.

Робитаҳои байналмилалӣ

Садорати институт ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, табодули академӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак, ташкили чорабиниҳои муштараки илмию таълимӣ дар чорчӯбаи шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи дуру наздик равобити мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҳамкориҳои институт бо Академияи байналмилалии сайёҳии Россия,  Донишгоҳи давлатии  сайёҳӣ ва хизмати Русия, Донишгоҳи Ситии Малайзия, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи миллии Озорбойҷон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши проблемаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи Генуя (Итолиё), Донишгоҳи давлатии Братислава ва ғайра дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ҳамкориҳо мунтазам конфронсу ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули академии донишҷӯён, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва ба ин монанд тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

I am raw html block.
Click edit button to change this html