Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
МАЪЛУМОТНОМА
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос дар доираи низоми бисёрзинагии таҳсилот тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ намуда истодааст. Маврид ба зикр аст, ки баҳри иҷрои банди 9-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 1-уми сентябри соли 2021 баён доштанд. Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 2023 № 291 таъсис дода шудааст. Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант нахустин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи саноати мамлакат буда, бо ҳадафи ноил гардидан ба мақсадҳо вавазифаҳои Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръат”, инчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳои солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” таъсис дода шудааст.
И.в.Директор Гурезов Сироҷиддин Изатуллоевич