14 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва оғози «Ҳафтаи илм» дар Донишгоҳ конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия: дурнамо ва имкониятҳо», ки ҳамзамон ба оғози солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» рост меояд, баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи басо муҳим ва масъулиятбори рушди босуботи иқтисодӣ қарор дошта, таъмини ин раванди созанда бевосита ба дониш, маърифат, навовариҳо ва татбиқи технологияҳои муосир вобастагӣ дорад.
Ба гуфтаи ректори Донишгоҳ, бо дарназардошти таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши илм ва технология дар рақобатпазирии миллӣ, донишгоҳ ҳадаф дорад, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаи илм бо истеҳсолот саҳми муассир гузорад.
Дар идомаи суханронӣ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ин конфронс заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи илмҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар фароҳам хоҳад овард.
Баъдан, директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ дар мавзуи «Тамоюлҳои инноватсионӣ дар истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳӣ ва соҳибкории меҳмонхонаҳо» маърӯза намуда, ҷанбаҳои мухталифи робитаи байни технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳоро бо таҳлили амиқи илмӣ шарҳ дод.
Ҳамчунин, дар кори конфронс доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи Саргодҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон Jabbar Ul-Haq дар мавзӯи «Does financial development boost entrepreneurship? Evidence from transitory economies» маърӯза намуданд. Профессор Jabbar Ul-Haq дар баромади худ робитаи байни рушди низоми молиявӣ ва густариши соҳибкориро дар кишварҳои дорои иқтисодиёти гузариш бо такя ба таҳқиқоти муосир ва далелҳои эмпирикӣ таҳлил намуданд. Ӯ бархӯрдҳои гуногуни кишварҳоро дар масъалаи суботи макроиқтисодӣ, сиёсати молиявӣ ва нақши давлат дар танзими бозори соҳибкорӣ муқоисавӣ баррасӣ карда, натиҷаҳои ҷолибро пешниҳод намуданд. Маърӯзаи ӯ таваҷҷуҳи хоса пайдо намуда, баҳси густурдаи илмӣ байни иштирокчиёнро ба миён овард.
Сипас, Joss Bolton — мудири кафедраи бизнес ва иқтисодиёти Коллеҷи Lingfield (Шоҳигарии Бритониё) дар мавзӯи «The reasons for changes in the pattern of trade between the UK and the rest of the world» баромад намуд. Ӯ дар суханронии худ ба таҳлили омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, технологӣ ва геостратегии тағйирот дар сохтори савдои Бритониё пардохта, нақши раванди «Brexit», ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва логистикаро дар шаклгирии фазои нави савдои Бритониё баррасӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 14 то 28 апрели соли 2025 идома ёфта, дар доираи он баргузории беш аз 160 чорабиниҳои илмӣ, аз қабили семинарҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ, конфронсҳои омӯзгорону донишҷӯён, навиштани мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, инчунин чопи маводҳои илмӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раёсати илм ва инноватсия