Литсейи касбии дӯзандагии шањри Душанбе

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии дӯзандагии шањри Душанбе» (минбаъд “Литсейи касбї”) бо қарори Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1945, №292 њамчун мактаби ФЗУ (фабрично-заводское ученичество) дар назди фабрикаи дӯзандагӣ таъсис ёфтааст.

Тибқи қарори Њукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1995, №34 Омўзишгоҳи касбии №33 шаҳри Душанбе номгузорӣ гардидааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 ба Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе” табдил дода шудааст.

Муассиса фаъолияти худро дар асоси Оиннома амали менамояд.

Муассиса тобеи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тољикистон мебошад.

Литсей муассисаи давлатии таълимї мебошад.

Литсей дорои иљозатнома (Т-ИФ №0000128 аз 25.12.2020 то 25.12.2025 №353) оид ба пешбурди фаъолияти таълимї мебошад

Муассиса дар умум 74 нафар корманд дорад, ки аз ин шумора 34 нафари онњоро омўзгорон ташкил менамояд. Шумораи омўзгорони соатбай 6 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иҷозатномаи Т-ИФ №0000128, дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе» дар умум 11-ихтисос фаъолият мекунад.

Теъдоди умумии хонандагон 467, ки аз ин шумора 387- нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар муассиса се ятими кул 10- нимятим ба қайд гирифта шудаанд. Шаҳрвандони хориҷӣ дар муассиса таҳсил надоранд.

Нақшаи қабул дар соли таҳсили 2024- 2025 350 нафарро ташкил медод 350-нафар довталаб ба таҳсил фаро гирифта шуда нақша 100% иҷро гардид.

Маълумот оид ба таҷҳизотҳои хизматии муосири таълим ва раванди таълим дар муассиса 1-синфхонаи компютерӣ ва ҳуҷраҳои кории кормандон бо компютер таъминанд дар маҷмуъ 123-адад компютери руи мизӣ, 4-адад ноутбук, 17-адад принтер ва 10-адад проектор мавриди истифода қарор доранд, инчуни бояд қайд намуд, ки омӯгорон бевосита аз ин таҷҳизотҳо  дар дарсҳояшон истифода  мебаранд.