МАВҚЕИ ЗАН-МОДАР ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.
Лоиқ Шералӣ
Воқеан зан-модар сариштаи ҳаёти инсон буда, ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ғамхорӣ ва ҳурмату эҳтиром ба фариштаи заминӣ бо эҳсоси баланди қадрдонӣ ёдоварӣ мешавад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҳлил намуда, дар баробари таваҷҷуҳ нисбат ба масъалаҳои ниҳоят муҳими давлатӣ, доир ба нақши калидии бонувон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва ҳаёти ҳамарӯзаи мо диққати махсус зоҳир намуданд.
Ногуфта намонад, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти маҳбубамон ба олиҳаи ҳусн, фариштаи заминӣ, зан-модар таваҷҷуҳи хосса доранд.
Шоир дар васфи зан-модар бисёр хуб қайд намудааст:
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагонӣ ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад, аз хирад бегона аст.
Барои таҳлили ин самт мехостам иқтибосҳоро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биёрам.
“Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.
Хушбахтона дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар мавқеи хос доад. Бахусус бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан-модар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавқеи хосро касб намуд.
Барои исботи ин гуфтаҳо мехостам иқтибосҳоро аз Паём биёрам:
“Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик боварӣ доштанд ва боварӣ доранд. Зеро борҳо дар суханрониҳои хеш ба зан-модар таваҷҷуҳи махсус намуданд ва гуфтанд, ки зан-модар қонуншиканӣ намекунад ва ин ҳақасту рост, чунки зан-модар доим дар бораи фарзандон ва оилааш андеша менамояд.
Суханони хешро бо самияти хос ва эҳтиром ба зан-модар бо шеъри шоир ба анҷом мерасонам.
Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.
Раҳмонзода М.Н. – н.и.и., мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии ДБССТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *