Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ

Маркази бақайдгирӣ ва тестии Донишгоҳи байналмиллали сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Тоҷикистон.

Маркази бақайдгири ва тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ тибқи фармоиши ректори донишкада таҳти №2/7 аз 30.08.2021 сол дар заминаи маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва маркази бақайдгири ва тестӣ, мониторинги сифати таълим таъсис ёфта, бо барнома ALFA-Xpress фаъолияти худро дар асоси низомнома, дастурҳои вазифавӣ ба роҳ мондааст. Дар назди маркази бақайдгирӣ ва тестӣ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, бахши назорати воситаҳои системавӣ ва ташхиси техникӣ, бахши таҳияи барномаҳои компютерӣ, бахши назорати шабакаҳои компютерӣ ва бахши назорати синфхонаҳои компютерӣ амал мекунад. Марказ бо бинои наву замонавӣ таъмин гардида, кабинетҳои корӣ бо таҷҳизотҳои навтарин муҷаҳҳазонида шудаанд. Дар воҳидҳои штатии Марказ мутахассисони баландихтисос ва ботаҷриба ҷалб карда шудаанд, ки барои таъмини моддӣ-техникии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, алалхусус мутахассисони соҳаи техникӣ ва технологияи компютерӣ саҳм мегузоранд.

 

Хабарҳо
Бештар