Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУҶАНД
Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд тибқи Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, таҳти №380 “Дар бораи таъсис додани донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд” дар заминаи филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.
Дар Донишкада 2 факултет – факултети молия ва баҳисобгирӣ, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва 6 кафедра – кафедраи молия, бонк ва фаъолияти гумрукӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи баҳисобгирӣ ва технологияҳои рақамӣ, кафедраи ҷомеашиносӣ, кафедраи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият мебарад.
Шумораи умумии омӯзгорону кормандони МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и МД ДБССТ дар соли 2024 144 нафар мебошад. Аз шумораи умумии профессорону олимон 53 нафар дараҷаи илмӣ доранд, ки дар маҷмўъ 44,9%-ро дар бар мегирад.
Дар маҷмўъ, дар Донишкада, дар зинаи бакалавр, шўъбаи рўзона 1301 нафар, шўъбаи ғоибона ва фосилавӣ 217 нафар, дар зинаи магистратура 12 нафар, дар зинаи докторантура аз рўйи ихтисоси PhD 4 нафар ба раванди таълим фаро гирифта шуданд
Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии гуруҳҳои таълимӣ-академӣ 1 гуруҳи академии таҳсилоташ бо забони англисӣ ва 3 гуруҳи академии таҳсилоташ бо забони русӣ аз рўйи ихтисосҳои гуногунро дар бар мегирад. Боқимонда, 47 гуруҳи академӣ таҳсилоташон бо забони тоҷикӣ мебошад.