Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия

 

Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад

Тел.: (+992) 93 593 99 00
E-mail: islom_2412@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2003 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ба омўзиши масъалаҳои сармояи инсонӣ, амнияти иқтисодии инкишофи сармояи инсонӣ, маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ, хусусиятҳои минтақавии инкишофи сармояи инсонӣ, механизмҳои баландбардории таъмини бехатарии иқтисодии сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои сармояи инсонӣ бо дарназардошти тағйироти демографӣ ва таъмини саломатии аҳолӣ машғул мебошад.

Дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад муаллифи 6 монография, 5 китоби дарсӣ, 3 васоити таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, сармояи инсонӣ, амнияти иқтисодӣ, рақамикунонӣ ва молияи давлатӣ мебошад.

Фаъолияти Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад дар соҳаи илм ва маорифи мамлакат назаррас буда, дар таҳия ва татбиқи лоиҳаи байналмилалии “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таълимии электронӣ дар донишгоҳ” нацши арзанда дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад ба кишварҳои Малайзия, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Россия ва Узбекистон сафари омӯзишӣ анҷом додааст.

Барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи илм ва маориф Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2012) ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2022) ва сарфароз гардонида шудааст.

Дар донишгоҳ Зоирзода Исломбек самтҳое, ки бо ташаккул ва иҷрои нақшаҳо оид ба тадқиқоти илмӣ ва инноватсияҳо алоқаманданд, роҳбарӣ менамояд. Ӯ дар самти ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ, дарёфт ва ҷалби грантҳо ва манбаҳои дигар барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои илмӣ, дастгирии таҳия ва татбиқи технологияҳои нав ва маҳсулоти инновасионӣ, барпосозии робитаҳои илмӣ, дастгирии интишороти илмӣ, инчунин баҳодиҳии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳои инновасионӣ масъул мебошад.

Рӯйхати корҳои илмӣ: https://elibrary.ru/author_profile.asp?id=1153131