СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ ВА ҲАҶМИ ХИЗМАТРАСОНИҲО
Номи вазифа: Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ Номи лоиҳа: Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ Рақами лоиҳа: TJK1048
Пешзамина
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни хароҷоти Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ аз Бонки Исломии Рушд (БИР) маблағгузорӣ гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳа 18,25 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 13,95 млн доллари ИМА ҳиссаи маблағгузории БИР мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷуда ба як муассисаи замонавӣ, фарогир ва устувор дар ноҳияи Дангара, инчунин таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ҳамчун пешсад дар таҳсилот доир ба сайёҳии ҳалол, ки таҷрибаи беҳтаринро дар дохили кишвар ва минтақавӣ паҳн мегардонад.
Лоиҳа аз ин унсурҳои зерин иборат мебошад: (A) Дастрасӣ ба таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (B) Қобилияти институтсионалии таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (C) Дастгирии идоракунии лоиҳа; (D) Аудити молиявӣ ва (E) унсури вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ғайричашмдошт.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Агенти иҷроия) маркази алоҳидаи доимоамалкунандаи идоракунии лоиҳа (МИЛ) барои таъмини идоракунии самарабахш ва татбиқи лоиҳа дар доираи ҳаҷм ва муҳлати тасдиқшуда таъсис дода шудааст.
Агентии иҷроия ҷиҳати интихоби Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбии Маркази идораи лоиҳа (МИЛ), ки таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳамоҳангсози лоиҳа фаъолият менамояд, озмун эълон менамояд.
Вазифа ва уҳдадориҳои асосӣ
Супоришҳо ва вазифаҳои мушаххаси Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ инҳоро дар бар мегиранд:
ташкили низоми самараноки мониторинг ва арзёбӣ, ки ба дастгирии мониторинг, арзёбӣ ва идоракунии босамари намудҳои гуногуни фаъолияти лоиҳа равона гардидааст;
ташкили ҷаласаҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини иҷрои муваффақона ва саривақтии вазифаҳои лоиҳа;
таҳия намудани ҳисоботҳои мунтазами пешрафт оид ба мониторинг ва арзёбӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи вазъи ноилшавӣ ба натиҷаҳо ва татбиқи беҳбудиҳо, барои пешниҳоди онҳо ба сармоягузорони лоиҳа ва ҷонибҳои манфиатдор;
иштирок дар таҳлили маълумоти натиҷавӣ ва таҳияи тавсияҳо ҷиҳати такмили чорабиниҳои лоиҳа, инчунин баланд бардоштани иқтидори Агентии иҷроия барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ҷойдошта.
назорат аз болои иҷрои хулосаҳои мониторинг ва арзёбӣ бо мақсади андешидани тадбирҳои ислоҳии зарурӣ;
омӯзонидани кормандони МИЛ бо усулҳои дахлдори мониторинг ва арзёбӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз аҳаммияти мониторинг ва арзёбӣ ва таҳкими масъулият барои ноил гардидан натиҷаҳо;
ҳамкории зич бо ҷонибҳои манфиатдори дохилӣ ва берунӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва ҳамоҳангии чорабиниҳои мониторинг ва арзёбӣ дар маҳал;
ҳамкории муштарак бо ҷонибҳои манфиатдори дахлдор барои таҳкими сифат, дақиқият ва ҳамоҳангии маълумот бо мақсади ташаккули далелҳои боэътимоди самаранокӣ.
пешниҳоди хулосаҳо ва тавсияҳо оид ба мониторинг ва арзёбӣ ҷиҳати дастгирии банақшагирии фаъолият, таҳлили хавфҳо, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва тадбирҳои коҳиш додани хавфҳо;
баррасӣ ва пешниҳоди мулоҳизаҳои техникӣ нисбат ба нақшаҳои мониторинг ва арзёбӣ ҳангоми таҷдиди нақшаи татбиқи лоиҳа ва буҷет, бо мақсади он ки нақшаҳо бар асоси хавфҳо таҳия шуда, ба ченкунии натиҷаҳо равона гарданд (масалан, санҷиш, мониторинг ва арзёбии нишондиҳандаҳои логфрейм ва нишондиҳандаҳои ҳадафии натиҷаҳо);
ҳамкории зич бо воҳидҳои дахлдори Агентии иҷроия ҷиҳати таъмини сифати натиҷаҳо;
ҳамкории зич бо мушовирон/таъминотчиён/пудратчиёни лоиҳа барои ҷамъоварии маълумоти зарурӣ оид ба ҷараёни корҳо бо мақсади мониторинг, арзёбӣ ва таҳияи ҳисоботҳои дахлдор;
таҳия намудани мавод ва ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ташкили каналҳои самараноки иртибот бо мақсади афзоиши огоҳии ҷамъиятӣ оид ба лоиҳа ва ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор;
таъмин намудани иҷрои пурраи лоиҳа дар муҳлатҳои тасдиқшуда ва дар доираи захираҳои ҷудошуда;
огоҳ намудани саривақтӣ дар бораи ҳама гуна монеаҳо ё маҳдудиятҳо, ки ба иҷро ва анҷоми саривақтӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ самараноки лоиҳа халал мерасонанд, инчунин пешниҳоди роҳҳалҳои мувофиқ дар машварат бо дигар ҷонибҳои манфиатдор;
ҳамоҳангсозӣ бо дигар аъзои гурӯҳи МИЛ ҷиҳати таъмини ҳамкории мутаносиб ва зич дар равандҳои мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯи ҳамаи компонентҳо ва намудҳои фаъолияти лоиҳа;
иҷрои супоришҳои дигари Ҳамоҳангсози лоиҳа.
Малакаҳо, таҷриба ва тахассуси асосӣ
дараҷаи магистр дар соҳаи маориф, идоракунии бизнес, иқтисод ё соҳаҳои вобаста, ё дараҷаи бакалавр бо таҷрибаи иловагии на кам аз 2 солаи корӣ;
на кам аз 10 (даҳ) сол таҷрибаи идоракунии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ (МБМ) маблағгузорӣ мегарданд; дар ҳолати доштани дараҷаи магистр на кам аз 8 (ҳашт) сол таҷрибаи корӣ;
малакаҳои идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
малакаҳои хуби ҳалли мушкилот ва тафаккури эҷодӣ, қобилияти иҷрои ҳамзамони чанд вазифа ва вокуниши зуд ба вазъиятҳо;
малакаҳои қавии навиштани матн; таҷрибаи таҳияи ҳисоботҳо ва пешниҳодҳо барои донорҳо бартарӣ дониста мешавад;
донистани муҳити маҳаллии соҳаи маориф, малакаҳои хуби муошират ва муносибатҳои байнишахсӣ;
донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
саводнокии компютерӣ: кор бо Windows, Excel, Word ва қобилияти зуд аз худ кардани низомҳои нави иттилоотӣ;
малакаҳои аълои муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ ҳатмӣ мебошад.
Салоҳиятҳо
малакаҳои муошират: қобилияти расонидани маълумоти мувофиқ ва дақиқ ба шакли хаттӣ ва шифоҳӣ;
таваҷҷуҳ ба дақиқият ва ҷузъиёти кор: қобилияти таъмин ва нигоҳ доштани сатҳи баланди дақиқӣ ва сифати иҷрои кор, аз ҷумла ҳангоми кор дар шароити фишор ва иҷрои чанд вазифа дар як вақт;
ҳалли мушкилот: қобилияти қабули қарорҳои асоснок, нишон додани ташаббус дар ҳамаи равандҳои амалиётӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли амалӣ ва воқеӣ;
банақшагирӣ ва ташкили кор: қобилияти мустақилона фаъолият намудан бо назорати ҳадди ақал, дуруст муайян намудани афзалиятҳо ва банақшагирии сарбории корӣ, инчунин самаранок иҷро намудани ҳаҷми зиёди вазифаҳои гуногун;
кор дар гурӯҳ: ба роҳ мондани муоширати самаранок ва муносибатҳои корӣ дар дохил ва берун аз гурӯҳ, табодули дониш, маълумот ва таҷрибаи пешқадам;
самтгирӣ ба натиҷа: қобилияти ноилшавӣ ба ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиётии гузошташуда;
талоши доимӣ ба такмил: кӯшиши пайваста ҷиҳати беҳтарсозии равандҳои амалиётӣ.
Шартҳои шартнома
давомнокии шартнома 12 (дувоздаҳ) моҳ бо давраи санҷишии 3 (се) моҳа аз санаи имзои шартнома; шартнома дар асоси арзёбии солонаи натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа ҳамасола тамдид мегардад;
музд меҳнат ҳар моҳ мутобиқи ҷадвали музди меҳнате, ки байни Бонки Исломии Рушд, Агентии иҷроия ва Вазорати молия мувофиқа шудааст (тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), пардохт карда мешавад;
вазифа сафари хизматӣ ба иншооти лоиҳа дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта метавонад; хароҷоти сафар (шабонарӯзӣ, будубош ва ғайра) мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷуброн карда мешаванд;
Мутахассиси мониторинг ва арзёбӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳа ба Ҳамоҳангсози лоиҳа итоат мекунад;
ҷойи кор – шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
Маълумотома (CV);
Дипломҳои таҳсилоти олӣ ва сертификатҳои дахлдор бо тарҷума ба англисӣ;
Дафтарчаи меҳнатӣ.