НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

28 декабри соли 2024, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатӣ ва самтҳои стратегии рушди кишварро барои солҳои минбаъда баён намуданд. Паёми имсола, ки дар заминаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тамаркуз дошт, таъкид намуд, ки ин равандҳо барои мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши калидӣ мебозанд.
Паём стратегияи мушаххасеро барои тақвияти иқтисоди миллӣ дар асоси технологияи рақамӣ ва истифодаи васеи инноватсия пешниҳод намуд. Пешвои миллат ба таҳияи нақшаҳои дақиқи амал барои солҳои 2025–2030 дастур доданд, ки ин солҳо ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон мешаванд.
Эълони ин солҳо ҳамчун давраи махсуси пешбурди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз тадбирҳои муҳими пешниҳодшуда буда, ҳадафи асосии он аз омилҳои зерин иборат аст:
 Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар тамоми бахшҳои иқтисод.
 Фароҳам овардани шароит барои гузариши иқтисодиёт ба шакли рақамӣ.
 Тақвияти нерӯи инсонӣ дар самти инноватсия ва технологияҳо.
Инчунин бо мақсади омодасозии мутахассисони касбӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад, ки донишгоҳи мазкур маркази пешбар барои омӯзиши технологияҳои навин хоҳад шуд, мутахассисонро дар соҳаҳои стратегии иқтисодиёт, технология ва идоракунии инноватсионӣ омода мекунад.
Барои дастгирии рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дастур дода шуд, ки дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ факулта ва кафедраҳои марбут ба ин самтҳо таъсис дода шаванд. Барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир таҳия гарданд. Омӯзиши фанҳои марбут ба технологияҳои рақамӣ ва менеҷменти инноватсионӣ густариш ёбад.
Боиси қайд аст, ки дар Паём Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ таъкид карданд, ки идоракунии давлатӣ бояд ҳарчи бештар ба рақамисозӣ гузарад. Ҷорӣ намудани системаи электронии идоракунӣ шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣро таъмин менамояд, хароҷоти маъмурӣ коҳиш меёбад, имкон медиҳад, ки муносибати шаҳрвандон бо ҳукумат соддатар ва осонтар гардад.
Паёми Пешвои миллат дар соли 2024 ҳамчун як роҳнамои стратегӣ барои рушди кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобатпазирӣ ба ҳисоб меравад. Роҳандозии ин ташаббусҳо на танҳо барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ, балки барои таъмин намудани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон заминаи устувор мегузорад. Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, ки дар меҳвари Паём қарор гирифт, барои табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари рақобатпазири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Пирова Давлатмо Қудратуллоевна – коргузори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *