Зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизи мо дар роҳи рушди босуботи иқтисодӣ арор дорад. Ҳамзамон, дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва инчунин илму маориф ва фарҳангу варзиш дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Қобили зикр аст, ки ҳамасола Пайёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда, дар он дастовардҳои муҳими хоҷагии миллии мамлакат дар соли сипаригардида баррасӣ ва таҳлил мегардад. Дар Паёми имсола, ки санаи 28.12.2024 сол ироа шуд, дар баробари дигар масъалаҳо ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба сайёҳӣ низ баррасӣ гардид.
Чӣ тавре, ки аз Пайём бармеояд, дар давраи соли 2024 шумораи умумии сайёҳони ба кишвари мо воридгардида, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расидааст, ки ин аз нишондиҳандаи соли 2019 бештар аст. Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки мақоми сайёҳӣ дар таркиби иқтисоди миллӣ боло рафтааст. Тибқи маълумотҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2024 ҳиссаи сайёҳӣ дар таркиби ҳаҷми ММД ба 5,5 % баробар гардид, ки ин нишон аз таъмини рушди босуботи сайёҳӣ дар кишвар мебошад, яъне гуфтан ҷоиз аст, ки ҷараёни рушди сайёҳӣ хусусияти интенсивӣ гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки новобаста ба вазъи ногувори сиёсии ҷаҳони муосир, ки ба сар задани низоъҳои ҳарбӣ замина гузошта, ба иқтисодиёти кишварҳою ҷаҳон таъсири манфӣ расонидааст, дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад, ки ин албатта дар Пайём баён гардид.
Азбаски, ҷараёни воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, бунёди иншоотҳои инфрасохторӣ, ки дар таркиби сайёҳӣ ҳамчун ҷузъи асосӣ ба шумор мераванд, хеле муҳим мебошад. Яъне дар таъмини пешрафти сайёҳӣ ҷанбаҳои инфрасохторӣ нақши муассир доранд, зеро танҳо дороии иқтидорҳои сайёҳӣ ва афзоиши воридшавии шумораи сайёҳон маънии пешрафти соҳаро надорад. Бинобар ин, ҷиҳати воридшавӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ зарур аст, то иншоотҳои инфрасохтории сайёҳӣ ва ба сайёҳӣ алоқаманд бо истифода аз дастоварҳои технологӣ ва фарҳанги миллӣ бунёд гардида, шаклҳои гуногуни таблиѓотро бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ истифода намуд.
Вобаста ба ин, дар Паём омилҳое зикр гардиданд, ки ба рушди сайёҳӣ ва таркиби инфрасохтории он мусоидат менамоянд. Аз ҷумла:
– амалисозии тадбирҳо ҷиҳати гузаштан ба манбаҳои барқароршаванда оид ба истеҳсоли нерўи барқ, яъне ба андозаи 100 % таъмин намудан ба «энергияи сабз», ки дар натиҷа партовиши газҳои гулхонаӣ кам гардида, солимии экологӣ нигоҳ дошта мешавад;
– таъмини гузаштан ба иқтисоди сабз, яъне тавассути руй овардан ба технологияи аз лиҳози экологӣ покиза, нигоҳ доштани солимии экологии кишвар, ки он асоси ташаккули экосайёҳӣ ба шумор меравад.;
– беҳдошти ҳолати иқлим. Қайд бояд намуд, иқлим ҳамчун яке аз омилҳои муҳимтарини мусоидаткунанда ба рушди сайёҳӣ маҳсуб меёбад;
– ҳифзу нигоҳдошти меросҳои таърихию фарҳангӣ. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба рушди сайёҳӣ низ замина мегузоранд;
– рушди сармояи инсонӣ. Албатта, пешрафту густариши ҳар як соҳа аз мутахассисони соҳавӣ вобаста аст. Бинобар ин, дар Паём ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ таваҷуҳи хоса зоҳир гардида, қайд шуд, ки сатҳи рушд ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ барои давлату ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад, ки ин масъала ба сайёҳӣ низ марбут аст.
Яке аз омилҳои муҳиме, ки боиси пешрафти сайёҳии дохилӣ мегардад, ин болоравии қобилияти харидорӣ ва баландшавии сифати зиндагӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, амали тадбири ба андозаи 20% зиёд гардидани музди кори кормандони сохторҳои буҷавӣ ва афзун намудани маоши ҳадди ақал ба андозаи 1000 сомонӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия супориш дода шуд, боиси хушнудист.
Гуфтаҳои боло гувоҳи онанд, ки воқеан ҳам ба масъалаи сайёҳӣ ва таъмини рушди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар ин сурат, гуфтан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон дар солҳои наздик ба яке аз самтҳои муҳими сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.
Н.и.и., дотсент,
мудири шуъбаи таҳқиқотҳои сайёҳии Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ Ёров Ҷ.Н.