ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН”

   2 майи соли равон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11 МТМУ – и шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” оғоз гардид.
Дар мувофиқа бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят макони баргузории чорабинии мазкур Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, ки дорои пойгоҳи муосири таълимӣ мебошад, интихоб гардид.
   Дар расми ифтитоҳи олимпиада роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ, раёсати маорифи вилоят ва хонандагону омӯзгорони МТМУ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Қобили қайд аст, ки Олимпиадаи болозикр дар доираи эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” соли чорум аст, ки дар зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии мамлакат аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир карда мешавад.
   Олимпиада фарогирӣ 9 фанни таълимӣ математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, биология, география, забони русӣ, забони англисӣ ва ҳуқуқ буда, ғолибони ҷойи якум бо “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, дипломи дараҷаи 1, ғолибони ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаи 2 ва ғолибони ҷойи сеюм бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамзамон, ҳама ғолибон аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ қадрдонӣ карда мегарданд.
    Аз ҷараён ва натиҷагирии олимпиадаи мазкур дар гузоришҳои минбаъда маълумот пахш мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *