27 сентябри соли 2024 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (World tourism day – 2024), ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон доир гардида истодааст, ширкат варзид.
Дар доираи иштирок дар чорабиниҳои марбут ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар кори онҳо намояндагони бахши сайёҳии ҷаҳон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии риштаи сайёҳӣ ширкат варзиданд, мулоқотҳои судманд доир гардиданд.
Дар баробари ин, вохӯрии ректори донишгоҳ бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ Зураб Пололикашвили сурат гирифт.
Номбурда иброз дошт, ки моҳи декабри соли ҷорӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ҳатман аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дидан хоҳад намуд.
Ҳамзамон, ҷаноби Зураб Пололикашвили дар самти иштироки донишгоҳ дар татбиқи барномаҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ омодагии хешро иброз намуд.
Ҳамин тавр, вохӯриҳо бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома доранд.
ш. Тифлис. 27.09.2024