ОҒОЗИ “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

     22 апрели соли равон дар Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия “Ҳафтаи илм” бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон оғоз гардид.
     Фишурдаи суханронии ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор вобаста ба оғози “Ҳафтаи илм” пешниҳод мегардад:
Муҳтарам ҳайати профессорону омӯзгорон, ҳамкасбони азиз!
    Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм бо ташаббус ва сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок эълон гардидааст.
  Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар пайравӣ аз сиёсати болозикри Ҳукумати мамлакат рушди илму инноватсияро дар баробари дигар самтҳои афзалиятнок аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди Донишгоҳ эътироф намудааст.
      Қобили қайд аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судмандро пайваста меандешад. Ҳамин буд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 таҳти №199 дар бораи тасдиқи Оинномаи Донишгоҳ қабул гардид ва мувофиқи он дар сохтори Донишгоҳ ду институи илмӣ-таҳқиқотӣ, яъне Институтҳои илмию таҳқиқотии “Иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”, инчунин 1 раёсат, 2 шуъба, 2 марказ, 1 парки технологӣ ва 1 IT-парк ба нақша гирифта шудааст, ки фаъолияти дурусту самаранокии онҳо метавонад ба рушди имл таъсири мусбат расонад.
Имрӯз дар баробари таълиму тарбия корҳои илмию таҳқиқотӣ низ аз қисматҳои муҳимми фаъолияти омӯзгорон ба ҳисоб меравад ва тақозо менамояд, ки дар баробари омӯзонидани насли ҷавон омӯзгорон низ бояд пайваста дар омӯзиши илм бошанд ва муҳаққиқи сермаҳсул гарданд.
Самти илм ва инноватсияи донишгоҳ низ ҳамчун яке аз ниҳодҳои асосӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, иқтисод, гумрук, тиҷорат, ҳуқуқ ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши назаррасро соҳиб мебошад. Кормандони донишгоҳ бо ҳисси баланди масъулият дар замони рушди босуръати илму техника фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри татбиқи дастовардҳои нав ба нави илмӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд. Ҳамчунин, татбиқ ва амалӣ сохтани барномаҳо, консепсия ва стратегияҳои давлатии роҷеъ ба илм ва инноватсия яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Дар татбиқи барномаҳо, консепсия ва стратегияҳои давлатӣ, ки доир ба ҳар яки он нақша-чорабиниҳо мураттаб ёфтааст, аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ натиҷаҳои чашмрас ба даст омадаанд. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси Стратегия ва Барномаҳои давлатии марбут ба илм ва инноватсия дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки ҳайати коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯз ба рӯз дар ҳама самтҳои фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Зеро, ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ ва машғул шудан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои кору фаъолият дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё карда шудааст.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “Ҳафтаи илм” аз 22 то 27 апрели соли 2024 давом карда, дар ин муҳлат баргузории чорабинии илмӣ, аз қабили семинарҳо ва мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ, конфронси омӯзгорону донишҷӯён, навиштани мақолаҳои илмӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва маҷаллаҳои илмӣ, нашри маводҳои илмӣ ва конфронси байналмилалӣ гузаронида мешавад. Бинобар ин, масъулини баргузории чорабиниҳои болозикрро зарур аст, ки “Ҳафтаи илм”-ро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.
Натиҷаи конфронси апрелӣ дар шакли маҷмӯаи маводҳои илмӣ ба нашр расонида мешавад, бинобар ин мудирони кафедра, деканҳои факултетҳоро зарур аст, ки аз ҳар як омӯзгор (бо назардошти ҳамкорони дохилӣ) талаб намоянд, ки мақолаҳои худро тибқи талабот омода намуда, ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати хирадмандонаи хеш, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 қайд намуданд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри иҷро ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар доираи “Ҳафтаи илм” санаи 25 – 26 апрели соли 2024 Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро низ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор менамояд.
Дар конфронси мазкур иштироки намояндагони зиёда аз 15 мақомотҳои давлатӣ ва олимони хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, аз масъулин талаб карда мешавад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани он чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Боварӣ дорам, ки масъулини Донишгоҳ ва омӯзгорон, баҳри дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани “Ҳафтаи илм” саҳми муносиби худро мегузоранд.
Ба ҳамаи шумо барору комёбӣ таманно дорам ҳамкасбони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *