ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДБССТ

   20 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои қаблан тасдиқшуда, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
   Нахуст, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳозиринро ба ин муносибат шодбош гуфта, қайд намуданд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳри Душанбе дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳала ба марҳала ба сифати яке аз шаҳрҳои пешрафта дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, мавқеъ ва нуфузашро рӯз то рӯз фарохтар намуда истодааст.
    Қайд гардид, ки хушбахтона ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвари азизамон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардидааст.
      Сипас, барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёну хонандагони Донишгоҳ ба ин муносибат табъи ҳозиринро болида гардонид.
Дар ин рӯзи фараҳбахш, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз 100-умин солгарди пойтахти кишвари хеш истиқбол менамояд, як зумра омӯзгорону хонандагони Литсей Донишгоҳ бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
      Тасмими мазкур дар пайравӣ аз амалҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *