ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН АЗ МИНТАҚАҲОИ ТАЪРИХИЮ ТАБОБАТӢ

    Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин мавзеъҳои табобатӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории факултети сайёҳӣ санаи 20.04.2024 хатсайри омӯзишии самти Душанбе – Ҳисор таҳия карда шуд. Тибқи ҷадвали хатсайр ҳайати гуруҳ аз ёдгории таърихии қаълаи Ҳисор ва осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дидан намуданд.
    Дар раванди сафар боздиди мавзеъҳои таърихӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ҳамаҷонибаи мавзеъҳои табобатӣ ба ташаккули фаъолияти касбӣ ва руҳияи маънавии аъзоёни гуруҳ таъсири мусбат расонид. Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳангоми сафар донишҷӯёни самти сайёҳии осоишгоҳӣ табобатӣ аз фаъолияти осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз наздик шинос шуда, таҷрибаи амалии худро васеътар намуданд. Ҳамзамон, зимни сафар маводи илмӣ ва аксҳои ҷолиб ҷамъоварӣ карда шуд, ки дар раванди таълим ба донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ тадрис карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *