ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР!
Даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Иштирокдорон аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва қарз Шоимардзода Садриддин аз рӯи наминатсияи навозандаи анъанавӣ сазовори ҷойи якум, дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории факултети сайёҳӣ Нурматзода Ҳасан аз рӯи наминатсияи овозхони анъанавӣ сазовори ҷойи сеюм, донишҷӯи курси якуми факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент Холов Тоҳир аз рӯи наминатсияи овозхони анъанавӣ сазовори ҷойи сеюм гашта, ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.
Мавриди зикр аст, ки ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Барои иштирок дар даври шаҳрии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ муваффақиятҳо орзумандем.
Раёсати корҳои ташкили тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *