ЛЕВАКАНТ: БАҲОИ БАЛАНД БА ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲ

19 апрели соли равон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ аз пойгоҳи моддию техникӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои техникии раванди таълим дар Филиали Донишгоҳ дидан намуданд.
Дар зимн, ректори Донишгоҳ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар Филиали Донишгоҳ ба омӯзгорону донишҷӯён маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Раиси шаҳри Левакант, муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ аз иштирок ва саҳмгузории омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар чорабиниҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти Филиали Донишгоҳро дар минтақа назаррас арзёбӣ намуд. Махсусан, мавсуф иштироки донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифатро дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” намунаи ибрат хонд.
Қобили зикр аст, ки дар ин дидор хонандагони Литсей касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳ лоиҳаҳои инноватсионии худро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *