Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
РАЁСАТИ ТАШКИЛӢ-ТАРБИЯВӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА
Фаолияти раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати ба донишҷӯён фаҳмонидани моҳияти ғояи миллӣ, истиқлол, рушди арзишҳои миллӣ, гиромӣ доштани таъриху мероси фарҳанги ниёгон, аз нав эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, дарк намудани ватандорӣ ва вазифаи шаҳрвандӣ, ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва терористӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон равона карда шудааст.
Бо мақсади тарбияи сиёсӣ, хуқуқӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон аз тарафи раёсати тарбия мунтазам бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ вохӯриҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар мавриди баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон ва тарбияи маърифатӣ ва фарҳанги миллии онҳо раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ бо театрҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, бо намояндагони илму адаб ва санъати тоҷик мунтазам вохӯриҳо доир менамояд.
Тамоми чорабиниҳое, ки аз тарафи раёсати тарбия таҳияву гузаронида мешаванд, ба тарбияи ҷавонписарону ҷавондухтарон, бахусус, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, сатҳи маърифатнокӣ, эҳтиром гузоштан ба анъана ва арзишҳои миллӣ, тарбияи меҳнатӣ, варзишиву солимгардонӣ ва зебоипарастии онҳо, ҳамчунин тарбияи занону духтарон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оиладорӣ ва ба камол расидани фарзандони солим ихтисос дода шудаанд.
ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН
Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар руҳияи ватандўстӣ тарбия намудани донишҷӯён, баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ ва фарҳангдӯстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани неруи зеҳнии ҷавонон, дастгирию ҳавасмандсозии олимони ҷавон ва ҳамчунин ҷиҳати дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои илмию маърифтӣ, иттилоотиву ахлоқӣ, фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ ва аксияву шанбегиҳои дастаҷаъмона ҳиссаи арзанда мегузорад.
ШУРОИ КОР БО ЗАНОН ВА ДУХТАРОН
Шурои кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар қатори дигар воҳидҳои сотории донишгоҳ дар тарбияи маънавию ахлоқии бонувону донишҷўдухтарон ҳиссагузор мебошад. Аз ҷумла, як қатор чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро ҳамасола ба нақша мегирад ва дар баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи маънавии бонувону ҷавондухтарон нақши назаррас мегузорад.
Шурои кор бо занон ва духтарони донишгоҳ ҳамчун созмони ҷамъиятӣ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки занону духтаронро дар руҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, тафаккури миллӣ, худшиносӣ тарбия намояд ва маърифатнокии онҳоро баланд бардошта, онҳоро барои рияои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаву оиладорӣ ва барои ба камол расонидани фарзандони солими миллат омода намояд.
БУНГОҲИ ТИББИИ ДОНИШГОҲ
Бо мақсади ҳифз ва беҳдошти саломатии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ фаъолияти бомаром дорад.
Тибқи муқаррароти қабулшуда ҳамасола моҳҳои сентябр ва октябр омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин омӯзгорони литсейи назди донишгоҳ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Айни замон, бунгоҳи тиббӣ дорои ду ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ буда, табибони ҳозиқ ба эҳтиёҷмандону муроҷиаткунандагон ёрии тиббӣ мерасонанд.
ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН
Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар руҳияи ватандўстӣ тарбия намудани донишҷӯён, баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ ва фарҳангдӯстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани неруи зеҳнии ҷавонон, дастгирию ҳавасмандсозии олимони ҷавон ва ҳамчунин ҷиҳати дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои илмию маърифтӣ, иттилоотиву ахлоқӣ, фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ ва аксияву шанбегиҳои дастаҷаъмона ҳиссаи арзанда мегузорад.
БАХШИ ХОБГОҲ
Яке аз масъалаҳои муҳими корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ин кор бо донишҷӯёне мебошад, ки дар хобгоҳ иқомат доранд. Дар хобгоҳҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини амнияти донишҷӯён равона шуда, раёсати донишгоҳу маъмурияти хобгоҳ барои ҳалли саривақтии мушкилоте, ки дар хобгоҳҳо ба вуҷуд меоянд, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, яъне барои ба вуҷуд овардани шароити зисти беҳтар ва истироҳати хуби донишҷӯён тамоми чораҳои мусоидкунанда андешида мешаванд, зеро муҳити орому осудаи зист ба хондану фаъолияти донишшҷӯён ва билохира, ба ташаккули шахсияти онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Дар хобгоҳ истиқоматкунандагон худашон шурои донишҷӯёни хобгоҳро интихоб мекунанд ва дар мувофиқа ва мусоидати раёсати донишгоҳ масъалаҳои иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ дар хобгоҳро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамоянд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шуроҳои мазкур ҳимояи манфиати донишҷӯёни маскуни хобгоҳ ва роҳандозии барномаҳои маърифативу фарҳангӣ ва фароғатӣ мебошад.
Пайваста дар хобгоҳҳо барномаҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён гузаронида шуда, дар баробари ин, онҳо ба тозагиву поккории манзили зист ва корҳои ободониву созандагии хобгоҳ ҷалб карда мешаванд.
БАХШИ ФАРҲАНГ
Фаъолияти бахши фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи маориф”, Оинномаи донишгоҳ, фармоишҳои ректори донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ва фарҳанг роҳандозӣ гардида, дар тарбияи эстетикӣ, баланд бардоштани завқи маънавии донишҷӯён тавассути санъати мусиқӣ ва театрӣ, тарѓиби фарҳанги бойи аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба он саҳми босазо мегузорад. Дар робита ба ин, барномаҳоеро таҳия менамояд, ки дар ташаккули шахсият, ифтихори миллӣ ва меҳру садоқати донишҷӯ ба Ватан муассир мебошанд.
Ансамбли донишҷўён бо номи «Соҳибкор» низ фаъолияти пурсамар дошта, донишҷўёни фаъоли санъатдўстро бо ҳам муттаҳид кардааст ва дар донишгоҳ ва боѓҳои фарҳангию фароѓатии шаҳри Душанбе барномаҳои хуби фарҳангиро пайваста пешниҳоди устодону донишҷӯён ва сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.