РӮЙДОДИ ФАРАҲБАХШ: РӮЗИ ДОНИШ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ ВА ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ташриф оварданд. Ин сафар ба Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ бахшида шуда, бо ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорон сурат гирифт.
Нахуст, Сарвари давлат Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, хобгоҳ ва ошхонаи муосири донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд. Маркази нави таълимӣ, ки дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, имконият фароҳам меорад, то дар як вақт то 3200 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар марҳилаи аввал 4500 нафар шаҳрвандон аз рӯи 14 ихтисос таҳсил хоҳанд кард.
Ҳамчунин, бинои 5-ошёнаи хобгоҳ барои 368 донишҷӯ, ошхонаи барҳаво барои 336 нафар ва толори варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ ифтитоҳ гардиданд. Дар баробари ин, коргоҳи таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ барои 200 нафар донишҷӯ фаъол шуд, ки онҳо метавонанд дар баробари таҳсил ба фаъолияти амалии музднок низ машғул шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни ятим мулоқот намуда, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳидоят намуданд. Пешвои миллат дастгирии ҷавонон, хоса ятимонро, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ карданд.
Дар идомаи сафари корӣ, Сарвари давлат барои бунёди бинои 12-ошёнаи таълимӣ дар ҳудуди донишгоҳ ва бинои 7-ошёнаи таълимии Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд асос гузоштанд. Ҳамзамон, пешниҳоди таъсиси Академияи сайёҳӣ дар заминаи донишгоҳ баён гардид, ки иқдоми нав дар рушди маориф ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ хоҳад буд.
Зимни суханронӣ дар ҷамъомади Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамаи дастовардҳои кишвар, пеш аз ҳама, бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардидаанд. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки Тоҷикистон ташаббуси байналмилалии “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро амалӣ намояд.
Дар суханронии худ Роҳбари давлат ба масъалаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа зиёда аз 73,6 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, таҳияи стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қабули қонуни нав “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро аз масъалаҳои рӯзмарра арзёбӣ намуданд.
Дар фароварди сухан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ, шукронаи соҳибдавлатӣ ва равона сохтани неруи худ барои пешрафти Тоҷикистон даъват карданд.
































