САММИТИ XVI БРИКС: БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН

Дар шаҳри Қазон пойтахти Ҷумҳурии мухтории Тотористони Федератсияи Россия саммити XVI кишварҳои БРИКС иттиҳоди давлатҳое, ки барои таъсиси низоми одилона ва баробарҳуқуқи ҳамкории байналмилалӣ, бар зидди таҳдиди доллар ва яккаҳукумронии ИМА ва дигар кишварҳои Ғарб дар низоми иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон баромад мекунад, ба анҷом расид. Маълум аст, ки ин иттиҳод кишварҳои дорои самтҳои гуногуни сиёсати хориҷиро дар бар мегирад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки иттиҳоди БРИКС чӣ гуна таъсис ёфтааст ва ба он Россия кадом ташаббусҳои наҷибро пешниҳод намудааст.
Ғояи ба як гурӯҳ муттаҳид намудани кишварҳои гуногун, вале аз нигоҳи сарватҳои табиӣ ва иқтидори инсонии ба ҳам шабеҳ, ба таҳлилгари бонки сармоягузории Goldman Sachs Ҷим О’нил дар соли 2001 ақидаи солиме пайдо шуд. Он вақт ӯ тасаввур намекард, ки ин иттиҳод расман бо мақсади таҳлили имкониятҳои нави сармоягузории давлатҳои аъзо, пас аз ҳамлаи террористии ИМА ба ташкили иттиҳоди пурқудрати босуръат афзояндаи кишварҳо бо ҳадафҳои умумии сиёсӣ ва иқтисодӣ оварда мерасонад. Кайҳо он вақт Бразилия, Россия, Ҳиндустон ва Хитой қариб 25 дарсади ММД-и ҷаҳонро ташкил медоданд, ки бузургтарин бозорҳои фурӯшро ба уҳда доштанд ва аҳолиашон қариб 42 дарсади ҷаҳонро дар бар гирифт. Пас аз ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ соли 2010, иттиҳоди мазкур номи БРИКС-ро гирифт.
Дар айни ҳол, БРИКС кишварҳоеро муттаҳид месозад, ки мехоҳанд низоми нави молиявии ҷаҳон ва иқтисодро, ки аз таҳдиди евро ва доллар озод бошад, ташкил намояд. То кунун мо метавонем танҳо дар бораи тарҳҳои BRICS Bridge дар давоми сол ба нақша гирифта шудааст ҳарф занем. Ғояи чунин платформа аз лоиҳаи mBridge, ки аз тарафи Бонки ҳисоббаробаркунии байналмилалӣ (БҲБ) дар Базел амалӣ карда мешавад, илҳом гирифтааст. Лоиҳаи Базел интиқоли долларро дар саросари ҷаҳон берун аз низоми бонкҳои муросилотиро дар бар мегирад. Ин имкон медиҳад, ки таъсири манфии қатъи Россия аз низоми интиқолии паёмҳои молиявии SWIFT, ки ҳаҷми асосии пардохтҳоро бо доллари ИМА таъмин мекунад, то ҳол беш аз 50 дарсади ҳаҷми қарордодҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, бартараф карда шавад. БҲБ хушдор медиҳад, ки бо эълони ин лоиҳа дар шаҳри Қазон ва аз тарси вайрон кардани яккаҳукумронии ИМА, иқдоми худро қатъ мекунад.
Дар талоши кишварҳои БРИКС ва иттифоқчиёни он аз қисмати ҷаҳони Ҷануб барои аз байн бурдани афзалиятҳои кишварҳои Ғарб дар низоми иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон, ҷорӣ намудани таҳримҳои зиддирусӣ нақши муҳим бозид. Ин пеш аз ҳама, аз пешгирӣ намудани захираҳои асъории тиллои Россия, истифодаи воридоти нафту гази русия ба ҳайси воситаи фишор, таҳримҳои дуюмдараҷа алайҳи ширкатҳое мебошад, ки ба Россия молҳои ҳаётан муҳим ворид мекунанд: техникаҳои маишӣ ва воситаҳои электронӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳо, мошинҳо ва ғайра. Шарикони деринаи тиҷоратии ФР – ширкатҳо ва бонкҳое, ки ба чунин аҳдҳо хизмат мерасонанд – аз тарси таҳримҳои дуюмдараҷаи Вазорати молияи ИМА фаъолияти воридкунандагонро рад карданд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Қазон дар доираи ҳайати васеи иттиҳод баромад кард, ки ба он ғайр аз панҷ кишварҳои муассис инчунин давлатҳои манфиатдор дар ҳамкорӣ бо онҳо Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Боливия, Венесуэла, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Мавритания, Фаластин, Ҷумҳурии Конго, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон дохил мешаванд. Ҳамчунин дар кори саммит дабири кулли СММ Антониу Гуттериш иштирок ва суханронӣ кард. На ҳама кишварҳо то ҳол узвияти худро дар иттиҳод ба расмият даровардаанд, аз ин рӯ, вохӯрӣ дар шакли аутрич/BRICS+ сурат гирифт. Владимир Путин илова ба воситаҳои ҳамкории мавҷуда бонки сармоягузории BRICS-ро бо сармояи 100 миллиард доллар барои маблағгузории иншооти инфрасохторӣ ва инчунин як қатор ташаббусҳои навро пешниҳод намуд. Дар байни онҳо ташкили барномаи амалиёти сармоягузорӣ (дар асоси бонки амалкунанда) барои дастгирии иқтисоди кишварҳои иштирокчии иттиҳод ва таъмини захираҳои молиявӣ, экспертиза ва ғайра давлатҳои қисмати ҷаҳонии Ҷануб ва Шарқ нақши муассир дорад.
Дар ин кор маркази ҳакамотии сармоягузории BRICS, ки барои ҳалли баҳсҳои байни кишварҳо дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст, нақши муҳим мебозад. Бояд қайд кард, ки маҳз дар ҳамин роҳ созишномаи Бреттон-Вудск, ки соли 1944 дар ИМА ба имзо расида буд, яккаҳукумронии долларро дар низоми байналмилалии молиявӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва инчунин Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА)-ро мустаҳкам карданд, рушд карданд. Фаъолияти ин ниҳодҳо борҳо аз ҷониби кишварҳои қисмати ҷаҳонии Ҷануб бо сабаби мавқеи афзалиятнок доштани мамлакатҳои пешрафтаи саноатӣ, танқид карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки ХБА, ки тибқи принсипҳои ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфтааст, ҳиссаи ИМА – 16,5 дарсади овозҳо дар сармояи хазина рост меояд ва ҳиссаи 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо бошад – 25,5 дарсадро ташкил медиҳад. Овозҳо мувофиқи вазни иқтисодӣ ва сиёсии ҳар як давлати узви хазина тақсим карда шуданд, маълум аст, ки бо чунин муносибат кишварҳои дорои иқтисоди рӯ ба инкишоф ҳиссаи ночизи овозҳоро ба даст оварданд. Аммо ҳар як қарзи тасдиқшудаи ХБА бо шартҳои сахт, ки соҳибихтиёрии кишварҳои қарзгирандаро маҳдуд менамояд ва ба осон кардани дастрасии сармояи калон ба захираҳои ин кишварҳо равона карда шудаанд, ҳамроҳ карда мешавад. Инро дар бораи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар он кишварҳои пешрафтаи Ғарб ҳукмрон аст, низ гуфтан ҷоиз аст. Аммо, вақте ки сухан дар бораи иттифоқчиёни ИМА меравад, ҳангоми ҷудо кардани қарз духурагии стандартҳо ба назар мерасад. Ҳамин тавр, дар солҳои 1990-ум дар Мексика, шарики муҳимми ИМА дар созмони НАФТА (минтақаи савдои озоди мамлакатҳои Америкаи Шимолӣ), буҳрони молиявӣ сар зад, ки ҳамчун “буҳрони текила” ба саҳафаҳои таърих ворид шуд. ИМА барои бо тези азхуд намудани қарзи бесобиқаи ХБА ба иттифоқчиён дар ҳаҷми 50 миллиард доллар, бе ягон шароит, пурра ҷалб кард. Ба ибораи дигар, кишварҳои БРИКС кӯшиш мекунанд, ки барномаи амалиёти ҳамкории баробарҳуқуқ ва одилонаи бисёрҷонибаро дар соҳаи молия таҳия намоянд.
Ташаббуси пешниҳодкардаи Россия барои ташкили механизми махсуси машваратии кишварҳои иттиҳод оид ба масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) барои “ташаккули қоидаҳои одилонаи бозӣ дар иқтисоди ҷаҳон ва ислоҳоти низоми байналмилалии молиявӣ” низ ба ҳамин мақсад хизмат мекунад. Тавре ки маълум аст, СУС таҳти сарпарастии ИМА таъсис ёфтааст ва тамоми фаъолияти он бо рӯҳияи рақобат бо шиори “бекор кардани ҳамаи монеаҳои гумрукӣ ва савдои озод” пурра аст. Ин ба ҳайси шиор хуб садо медиҳад, аммо дар асл, ҳама чиз дигар аст – кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф молҳо ва хизматрасониҳоро бо хароҷоти камтар истеҳсол мекунанд. Аз ин рӯ, савдои озод чизе беш аз шиори зебо нест. Ва дар ҳаёти воқеӣ, мо ҷанги тиҷоратии ИМА-ро бар зиддӣ Хитой мебинем, хусусан дар соҳаи технологияи муосир. Тамоми воситаҳои таъсиррасон – чораҳои ҷазо алайҳи духтари роҳбари корпорасияи хитоии Huaway, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ алайҳи маҳсулоти ширкате, ки рақиби мустақими корпоратсияҳои амрикоӣ ба монанди Cisco, Apple ва дигарон шудааст, идома доранд. Аммо намунаи барҷастаи таҳдиди ИМА сиёсати ин кишвар аст, ки ба манъи истеҳсоли микрочипҳои хитоӣ бо технологияи муосир нигаронида шудааст.
Ягона истеҳсолкунандаи мошинҳои микросхемаи амиқи ултрабунафш дар ҷаҳон ширкати голландии ASML маҳсуб мешавад ва маҳсулоти он барои якчанд моҳҳо пештар ба нақша гирифта шуда буд. Бо пофишори ИМА ширкат маҷбур шуд, ки шартномаи кайҳо имзошударо барои таҳвили мошинҳо ба Хитой қатъ кунад.
Вале барои истеҳсоли чипҳо инчунин пластикаҳои кремний, кимиёвӣ ва дигар таҷҳизот лозиманд. ИМА таҳвили онҳоро ба Хитой ба ширкатҳое, чун Nikon ва Olimpus японӣ, Samsung кореягӣ ва дигарон манъ кардааст. Бояд иқдоми россияро дар саммити муттаҳидсозии талошҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ қайд кард. Хитой, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои иттиҳод дар ин соҳа пешрафти ҷиддӣ ба даст оварданд. Кӯшишҳои муштарак ба ҳамаи кишварҳои БРИКС имкон медиҳанд, ки аз таҳқиқотҳои илмии хеш истифода баранд.
Дар байни ташаббусҳои дигари Россия дар саммити Қазон таъсиси биржаи ғалладонагиҳои кишварҳои иттиҳод, ки бо назардошти аҳолии бузурги Хитой ва Ҳиндустон, ки маъмулан бештар ғалладонагиҳо, биринҷ ва гандумро истеъмол мекунанд, хеле муҳим мебошад. Ин биржа имкон медиҳад, ки инҳисорияти мамлакатҳои Ғарбро дар савдои ғалла маҳдуд кунад ва хароҷоти боркашониро коҳиш диҳад, зеро, тавре ки маълум аст, маркази асосии савдои ғалла биржаи молии Чикаго ба ҳисоб меравад. Инчунин бояд барномаи амалиётии пешниҳодшудаи ФР-ро оид ба савдои флузоти қиматбаҳо ва алмосро зикр кард. Маълум аст, ки таҳримҳои зиддирусӣ, дастрасии истеҳсолкунандагони ин молҳои русиро маҳдуд карданд.
Ба ғайр аз ин, Хитой ва Ҳиндустон бузургтарин харидорони тилло ва алмос барои мақсадҳои ҷавоҳиротӣ ва сармоягузорӣ мебошанд. Механизмҳои мустақими савдо ба манфиатҳои бисёр кишварҳои иттиҳод ҷавобгӯ мебошанд ва имкон медиҳанд, ки хароҷоти мавҷуда кам карда шаванд. Ҳамаи ин пешниҳодҳо ба он оварда мерасонанд, ки БРИКС на танҳо як созмони кишварҳое бошад, ки бо хоҳиши эҷоди муносибатҳои одилонаи тиҷоратӣ ва молиявӣ муттаҳид шавад, балки як бозигари калон ва муассир дар иқтисоди ҷаҳон ва молия, ки қодир аст тартиботи мавҷудаи ҷаҳонро тағйир диҳад. Ин нишона аз он аст, ки саммит як қатор сиёсатмадорони ғарбиро водор сохт, ки изҳор намоянд, ки ҷаҳон дигар яксон нахоҳад буд тартиботи мавҷудаи ҷаҳонӣ тағйир хоҳад ёфт ва инчунин БРИКС+ тавонист, ки ҷудоиандозии Ғарбии Россияро рахна кунад.
Ба андешаи мо ояндаи БРИКС дар амалӣ гаштани мақсаду мароми пешниҳод намудаи иттиҳод наҷиб ва муассир арзёбӣ мешавад.
Ҷамшедов М. д.и.и., профессори ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *