11 апрели соли 2025 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷеш Уике бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Меҳмононро ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба ҳузур пазируфта, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотӣ, ташкили табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии мутахассисон, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби мутахассисони ҳинду барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва ҳамкориҳо дар самти IT-паркро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Меҳмонон бо самтҳои асосии Стратегияи рушди донишгоҳ то соли 2040 ошно шуда, ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар доираи барномаҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҳиндустон дар соҳаи маориф, фарҳанг ва илм (аз ҷумла барномаҳои ITEC ва ICCR) тадбирҳои мушаххасро марҳила ба марҳила татбиқ хоҳанд кард.
Дар доираи сафари худ меҳмонон инчунин аз марказҳои забономӯзӣ, лабораторияи зеҳни сунъӣ, марказҳои таълимии самти сайёҳӣ ва дигар пойгоҳҳои муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос боздид намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳайати меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ ба нишони эҳтиром ва дӯстии ду миллат тақдим гардид.
