САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “AMBI” БА ДОНИШГОҲ

17 октябри соли 2025 менеҷери рушди устувор ва тиҷорати ширкати байналмилалии “AMBI” (Швейстсария) Лука Угудзони ва Марям Ал Шиноси, ҳуқуқшинос ва соҳибкорзани соҳибтаҷриба аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Асрорзода ба ҳузур пазируфта, мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои стратегӣ, ташкили барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ ба раванди таълим, таҷрибаи амалӣ ва таҳқиқот мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, масоили татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, иқтисоди сабз, варзиши сайёҳӣ, рушди бизнес-инкубаторҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти варзиши сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин ташриф оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои муассир хоҳад буд.

Дар раванди ташриф меҳмонон аз институтҳои илмию таълимӣ, факултетҳо, озмоишгоҳҳои таълимӣ, марказҳо ва пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ дидан намуданд. Онҳо ба инфрасохтори таълимӣ, равандҳои рақамикунонӣ ва имкониятҳои таълими амалӣ, ки барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ равона шудаанд, баҳои баланд доданд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар