Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ
Табодули академӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ буда, ба таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ, баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисон ва густариши нерӯи кадрӣ равона шудааст. Ин раванд шаклҳои мухталифи табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқонро фаро гирифта, барои рушди дониш, таҷриба ва такмили салоҳиятҳои касбӣ мусоидат мекунад.
Самтҳои асосии табодули академӣ:
Ҳадафҳо ва вазифаҳо:
– тақвияти мақоми байналмилалии донишгоҳ. Баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар фазои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ;
– баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон. Омода намудани мутахассисон бо донишҳо ва малакаҳое, ки ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд;
– тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ. Рушди таҳқиқоти муштарак ва ҳамгироӣ дар лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ.
– рушди ҳамкориҳои байнифарҳангӣ. Таҳкими ҳамкорӣ байни намояндагони фарҳангҳо ва миллатҳои гуногун.
Афзалиятҳои табодули академӣ:
– васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён ва омӯзгорон;
– тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва малакаҳои иртиботӣ;
– дастрасӣ ба таҷрибаҳои пешрафтаи таълимӣ ва илмӣ;
– ташаккули шабакаҳои илмӣ ва таълимии устувор.
Барои татбиқи самараноки табодули академӣ, донишгоҳ шабакаи ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии байналмилалӣ густариш медиҳад, шароити мусоид барои иштироки донишҷӯён ва кормандон дар барномаҳои байналмилалиро фароҳам меорад; шаффофият ва одилона будани раванди интихобро таъмин мекуна; таъсири табодули академиро ба рушди институтсионалӣ мунтазам таҳлил ва баҳогузорӣ менамояд.
Татбиқи самараноки табодули академӣ ба донишгоҳ имкон медиҳад, ки сифати таҳсилот ва тадқиқотро баланд бардорад ва ҷойгоҳи худро дар фазои байналмилалӣ устувор созад.