Муҳтарам ҳайати омӯзгорону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯёну хонандагон!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона шодбош менамоям.
Наврӯз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хоса дорад. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард.
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегардад. Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд.
Бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз аҳамияти умумибашарии ин ойини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯсти кишвар аст.
Қобили қайд аст дар меҳвари сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашни Наврӯз – ҳамчун мероси бузурги таърихии тоҷикон мақоми калидӣ дорад. Зеро, ки дар шинохт ва эътирофи Пешвои муаззами миллат Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки ҳамчун як оини ҳувиятсозу мафкурасоз ва василаи асосии расидан ба худогоҳии миллӣ дониста мешавад.
Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 21 марти соли 2022 зикр намуда буданд, ки: «Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд… Расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад».
Воқеан, яке аз ҷашнвораҳои бунёдии бани башар, ки аз баробарии шабу рӯзи оғози баҳор ибтидо гирифта, пайванди ногусастании инсону табиатро таҷассум намудааст, ҳамин Наврӯз аст. Ҳамон Наврӯзе, ки зоишгоҳаш Ориёи бостон ва қалби он Хуросони қадим ва гаҳвораи ӯ – сарзаминест, ки ҳоло дар харитаи олам Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Дар олам дигар ягон ид ва ё маросиме ба монанди Наврӯз нест, ки ба чунин поя ва миқдор фалсафаи башардӯстонаву табиатпарварона дошта бошад.
Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳангоми суханронӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд чунин иброз намуда буданд “Аҷдодони шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд”.
Наврӯз – эҳёи ҳаёти ҷисмиву маънавӣ, меҳру муҳаббат ба пайвандону атрофиён, назари нек ба оянда, рафъи ҳама кудурратҳо, бунёди сулҳу рафоҳият, осоишу кӯшоиш ва дигар ниятҳои неки зиндагӣ арзёбӣ мегардад.
Рамзҳои Наврӯз – покии зоҳиру ботин, сурату сирати инсон, покизагии манзилу таъмири вайронаҳо, озодагӣ, иродат, ободӣ, парастиши хуршед ҳамчун манбаи нуру сафо, парвариши гандум ва нахустин маҳсули он – суманак – рамзи сериву пурӣ ва нишоти зиндагии моддӣ мебошад.
Ягон анъанаи наврӯзӣ аз ибтидои пайдоиш то кунун арзиши ахлоқӣ, фалсафӣ ва башардӯстиашро гум накардааст, баръакс бо мурури замон ин арзишҳо бо дарназардошти воқеияти пуртаззоди зиндагии мардумон ва кишварҳои мухталифи дунё, мухолифатҳову муноқишаҳо, ҳикмати муҳими гироми доштани ҳаётро дар саёраи Замин таҷассум мекунанд.
Ойинҳо ва расму русуми наврӯзӣ ҳар яке ифодагари ин ё он рӯҳия ва ҳадафҳои инсонист. Масалан, ҳоло дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон қабл аз шурӯи Наврӯз маросими хонатакконӣ, ё поккории манзилро анҷом медиҳанд, ки маънои бо ҷиҳози тоза ва либоси тоза ва рамзи ботини пок истиқбол гирифтани Наврӯз аст. Аз замонҳои қадим хурду бузург ду-се маҳалла якҷо шуда, ба сайргоҳи наврӯзӣ мерафтанд. Имрӯзҳо, хушбахтона, дар тамоми Тоҷикистони азиз чунин сайргоҳҳо мавҷуданд.
Коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ имрӯзҳо бо рӯҳияи болида бо ташкили чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз саҳми муносиби хешро мегузоранд.
Бори дигар Наврӯзи ҷаҳониро ба ҳамаи Шумо ҳамкасбону шогирдони азиз муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки Наврӯзи ҷаҳоноро ба ҳамагон бахту шодӣ, тансиҳативу пирӯзӣ ва хонаободӣ эҳдо намояд ва муҳити пуртарабу шукуфо ҳамеша насиби ҳар яки мову шумо бошад.
Наврӯзатон фирӯз бод – ҳар рӯзатон Наврӯз бод!