МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН ҲУҚУҚДОН” ДАР ДБССТ

    Нимаи дуюми санаи 30 марти соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳуқуқдон” байни донишҷӯёни МТОК ҶТ баргузор гардид.
   Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни баромади худ вобаста ба натиҷагирии Озмуни мазкур бори дигар миннатдории самимии раёсати Донишгоҳро ба аъзои ҳакамон, мутасаддиён ва иштирокчиён барои баргузории сатҳи баланди чорабинии болозикр баён намуд.
    Сипас, аз ҷонибаи раёсати Донишгоҳ ва аъзои комиссияи озмунӣ ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *